Аз Дилшод Назаров чӣ гуна қадрдонӣ шавад? ШУМО БИГӮЕД!
Агар нишони тиллои Андрей Абдувалиевро дар Бозиҳои олимпии соли 1992 дар Барселона бо ин “баҳона”, ки ӯ дар ҳайати мунтахаби Иттиҳоди давлатҳои мустақил баромад карда буд, сарфи назар кунем, Дилшод дар 25 соли охир ягона қаҳрамони олимпии Тоҷикистон аст.
Баъди пирӯзии Дилшод пешниҳодҳо дар бораи ба ӯ додани унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон низ буд. Аммо ШУМО БИГӮЕД, Дилшод Назаровро чӣ гуна қадр кунанд?