Э. Раҳмон: Дар рӯзҳои ид ба хароҷоти беҳуда ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони вилояти Хатлон бо ишора ба наздик омадани Иди қурбон аз масъулин даъват кард, ба мардум фаҳмонанд, ки тибқи таълимоти дини мубини Ислом киҳо метавонанд қурбонӣ кунанд ва хайроту садақа диҳанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар ин вохӯрӣ, ки субҳи имрӯз, 25 август дар ноҳияи Бохтар баргузор шуд, раисиҷумҳур иброз доштааст, ҳар анъана ва расму ойине, ки дар фарҳанги динии мо роиҷ аст, фазилату мантиқ ва асосе дорад, ки шахсони савобҷӯ бояд тибқи он амал намоянд. Ҷаноби Раҳмон таъкид намудааст, аз таълимоти ислом бармеояд, ки қурбонӣ ҳамчун ибодати молӣ ба шахсоне воҷиб аст, ки аз назари иқтисодӣ имконият доранд ва молу сарваташон барои анҷом додани ин амал кофист: “Аз ин лиҳоз, ҳар як мусулмон пеш аз адои ин суннат бояд масъулияти худро дар назди аҳли оила ва хешовандони наздики худ, ки ба ӯ ҳаққи зиёд доранд, иҷро карда бошад. Дар ояти 286-уми сураи Бақараи Қуръони маҷид омадааст, ки “Худованд ҳеч касро беш аз тавоноияш вазифадор намекунад”.
Президент дар идома аз ҳадисҳои пайғамбари Ислом ҳам ёд овардааст, ки дар онҳо зикр шудааст, моли қурбонӣ ё қимати он ва умуман, ҳама гуна хайроту садақот, пеш аз ҳама, ба муҳтоҷону тангдастон, ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат дода мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид кардааст, дар рӯзҳои ид ва гузаронидани тӯю маъракаҳо бо дарназардошти вазъи замона, аз ҷумла таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодӣ ба буҷаи ҳар оила ба хароҷоти беҳуда ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад ва қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳатман риоя гардад.