Дар тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати 10-солагии таъсиси ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба масъулин супориш дод, ки бинои бар асари сӯхтори шадиди субҳи 12 апрел осебдидаи факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пурра таъмир ва комилан барқарор шавад.
Зимнан, имрӯз идораи сохтмони асосии шаҳр ба корҳои барқарорсозӣ оғоз намуданд. Раҷаббой Каримов, раиси шаҳри Хуҷанд сохтмончиёнро муваззаф намуд, ки то то иди Наврӯз биноро ба истифода бидиҳанд.
Гуфта мешавад, арзиши лоиҳавии корҳои барқарорсозии бинои факултаи санъат наздик ба 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.