Раиси Маҷлиси намояндагон: Дилшод номи Тоҷикистонро вирди забони ҷаҳониён кард
Шукурчон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпиро табрик намуд.
Оқои Зуҳуров имрӯз, 24 август дар иҷлосияи ғайринавбатии палатаи поёнии кишвар аз вакилон даъват кард, ба ин табрикоти ӯ шарик шаванд. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, Дилшод Назаров дар охирин рӯзҳои Бозиҳои олимпии Бразилия соҳиби нишони тилло шуд ва номи Тоҷикистонро вирди забони ҷаҳониён кард. Ба ифтихори ӯ парчами Тоҷикистонро барафрохтанд.
Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Женейрои Бразилия ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд.