26 ва 27-уми ноябр дар маҷмааи варзишии хадамоти алоқаи Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи самбо баргузор мешавад, ки ба хотири ҷаҳнпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов бахшида шудааст.
Муродалӣ Тешаев, сухангӯи дафтари матбуоти кумитаи миллии олимпӣ ба «Озодагон» иттилоъ дод, ки дар сабқати мазкур ширкати самбочиён аз Қазоқистон, Қиргизистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, ҷумҳурии исломии Афғонистон ва чанд кишвари дигар ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, Саидмуъмин Раҳимов ду маротиба унвони қаҳрамонии Иттиҳоди шуравиро ба даст овардааст. Бори аввал соли 1973 ва маротибаи дуюм соли 1975.