Пайдо шудани ҷасади як куҳнаварди рус дар Помир
Ҷасади Михаил Волков, куҳнаварди рус, ки 14 август ҳамроҳ бо як нафари дигар зери тарма монда буд, пайдо шудааст.
Давлат Ҳабибов, раиси Шӯрои рушди туризми Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади Волков нимарӯзи душанбе, 22 август аз назди пиряхи Орҷинкидзе пайдо шудааст. Ба гуфтаи ӯ ҷасадро ба минтақае интиқол медиҳанд, ки имкони нишастани чархбол мавҷуд бошад.
Ҷаноби Ҳабибов қаблан ба “Озодагон” гуфта буд, се куҳнаварди рус -- Павел Цветов, Михаил Волков ва Наталия Цветова (ҳамсари Павел), ки қасди фатҳи қуллаи Исмоили Сомониро доштанд, 14 август дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷилгатоли собиқ) зери тарма мондаанд. Павел наҷот ёфта, тақдири ду тани дигар номаълум буд.
Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар баландии 7495 метр, дар ҳудуди шимолу ғарбии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, то соли 1962 номи “Қуллаи Сталин” дошт. Он баъдан бо “Қуллаи Коммунизм” тағйир ном кард ва баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар соли 1999 ин қулла бо арҷгузорӣ ба нахустин поягузори давлати тоҷикон қуллаи Исмоили Сомонӣ ном гирифт.