Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)
Нахустин қатор дар масири Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба ҳаракат даромад.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин қатор, ки дохилаш Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва ҷавононону фаъолон будаанд, соати 6:00-и субҳи имрӯз, 24 август аз саристгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ба роҳ баромадааст. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ин санаро хотирмон арзёбӣ карда гуфтааст, "дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон-биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо, амалӣ гардид".
Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, арзиши лоиҳавии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб зиёда 165 миллион сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад. Дар ин лоиҳа 8 пул бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардидааст: “Агар бо назардошти аҳамият ва афзалияти иқтисодии лоиҳа назар афканем, метавон гуфт, ки роҳи қаблӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа бо убури марз 432 кмро дар бар мегирифт ва маҳз бо бунёди нақбу купрукҳо 313 км ихтисор гардида, дарозии он ҳамагӣ 119 кмро ташкил хоҳад дод”.
Манбаъ меафзояд, таносуби боркашонӣ тавассути хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа барои 1 тонна қариб 120 сомонӣ арзон хоҳад гашт, яъне қаблан он ба 160 сомонӣ баробар буд ва акнун тавассути роҳи нав 35-40 сомонӣ арзиш хоҳад дошт: “Мутобиқи нишондоди мутахассисон самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад”.