Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 имконият медиҳад, ки мактабҳои вилояти Суғд бо 5906 адад компютерҳои ҳозиразамон таҷҳизонида шаванд.
Зимнан, интизор меравад, дар ин давра 924 синфхонаҳои компютерӣ ба шабакаи интернет пайваст гардад. Бояд гуфт, ки дар ин ҳолат ба ҳар 15 нафар хонандагони синфҳои 7-11 як адад компютер рост меояд.Дар 11 моҳи соли равон муассисаҳои таълимӣ бо 1163 адад компютер таъмин карда шуданд, ки 155,9 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ҷараёни татбиқи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят мувофиқи нақшаи солона дар ёздаҳ моҳи соли 2011 дар шаҳру ноҳияҳои Табошар , Қайроққум, Зафаробод , Мастчоҳу Ашт таъмин гардидаанд. Аммо мутаассифона, иҷрои барномаи мазкурро шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 22, 5 фоиз, Ғончӣ 45, 5 фоиз, Ҷ.Расулов 67,5 фоиз иҷро кардаанду бас. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз хадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.