Пирумшоев дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ошӯби соли 1916 мегӯяд
Ҳайдаршо Пирумшоев, доктори илмҳои таърих меҳмони навбатии маҳфили “Гуфтгугӯи тамаддунҳо” хоҳад буд.
Масъулини Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ба “Озодагон” гуфтанд, ҷаноби Пирумшоев дар мавзӯи “Шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд, натиҷа ва сабаҳои он” суҳбат мекунад.
Ба иттилои масъулин, маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” соати 17:00-и 25 август дар Маркази савдои пойтахт баргузор мешавад.
Шӯриши соли 1916, ки аз Хуҷанд оғоз шуда, ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ доман паҳн кард, ба исёни бузурге алайҳи Русияи подшоҳӣ оғоз гузошт.
Николайи 2, подшоҳи Русия фармон содир кард, ки бар асоси он сокинони Осиёи Миёна ба хидмати ҳарбӣ даъват мешуданд. Мақомоти Русияи подшоҳӣ дар Хуҷанд тақрибан 2000 мардони аз 19 то 42-соларо барои даъват ба хидмати ҳарбӣ рӯйхат карданд, аммо сокинони маҳаллӣ аз тарзи таҳияи ин рӯйхат ва ба хидмат ҷалб шудани танҳо мардуми камбағалу бесоҳиб норозӣ шуда, қиём карданд. Ин қиём бо номи Шӯриши Ҷамолак маъруф аст. Бибисолеҳа Қобилхоҷаева, ки ҳамчун Ходими Ҷамолак маъруф буд, аввалин шуда, ба як корманди пулис дармеафтад.