Субҳи пирӯзии миллат, муборак!
Азизи НАҚИБЗОД
Ин субҳи Тоҷикистон ангор босафотар аз рӯзҳои дигар буд…
Гӯиё офтоб рӯшантару гуворотар шаъшаъа мепошид…
Ин субҳ муждаи пирӯзии Дилшодро ба миллат расонд.
Ин саҳар Дилшод тамоми миллатро дилшод кард!
Пирузии Дилшод пирӯзии миллат, ғалабаи умеду бовар ба ноумедист!
Бовар ва умед ба фардои рӯшан, муждаи бомдод пас аз шомҳои тирра!
Дигар Дилшод барои тоҷикон намоди мубориза ва зафар гардид!
Оре, намоди шарафу шарофатмандӣ!
Дилшод барои мо салои пирӯзӣ хонд!
Дилшоди гурд дар фазои кишвар танини ифтихор андохт!
Дилшод ба мардуми худ нишон дод, ки кушишу ғайрату ҷасорат чист! Ва натиҷаи ин ҳама муборизаро низ.
Дилшод гӯиё ба гӯши ҳар кадомамон гуфт, ки метавон пируз шуд, ғолиб буд!
Ин субҳ гӯиё Дилшод маззаву таъм ва нашъаи иззатро ба тоҷикон чашонд!
Дилшод бо салобаташ салобати миллатро ба намоиш гузошт!
Салобати Рустами Дастонро!
Салобати тоҷики сарфарозу пурғурур!
Дилшод барои мо исбот кард, ки “хостан тавонистан аст”!
…ва натиҷаи мубориза ғолибият аст!
…ва сарбаландист!
…ва иззат!
…ва нанг!
…ва шараф!
Муборакат бод, Рустами замон!
Хуҷаста бод, Исфандиёри даврон!
Фархунда бод, миллат!
…ва то бод чунин бодо!