Нашри маҷмӯи фатвоҳо алайҳи ДИИШ
Раёсати муфтиёти Узбакистон маҷмӯаи “Даъвати уламои ҷаҳони Ислом”-ро нашр кардааст. Дар он фатво ва даъвати донишмандони мусалмон алайҳи созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ гирд оварда шудааст.
Кумита дар умури дини Узбакистон гуфтааст, ин маҷмӯа барои огоҳии мардум аз Исломи ноб таҳия шудааст: “Дар он фатвоҳо ва мавзӯъҳои муҳими марбут ба Ховари Миёна, ки вуҷуди экстремизм ва терроризмро мехоҳанд бо номи Ислом пушонанд, гирд оварда шудааст”.