Охирин фармони шоҳ
Далер ШАРИФОВ
Амаки Маҳмуд дар деҳаи мо як марди донишманд, ростгӯй, ҳалолкор ва ҳалолхӯр аст. Ӯ соҳаи кишоварзӣ ва инчунин таърих ва адабиёти форсу тоҷикро хеле хуб медонад. Марди боғурур ва хоксору самимист. Мо аз ингуна мардоне, ки ҳамеша ростқавулу ҳалолкор ва донишманду бо нанг бошанд имрӯзҳо ангуштшумор дорем. Воқеан амаки Маҳмуд бо тамоми маъно як марди комил аст. Ёд надорам, ки нафаре ба ҷуз раиси ҷамоат ва раиси маҳаллаву баъзе мансабчадорон аз ӯ бадгӯӣ карда бошанд. Ин тоифа ҳам ба хотири он аз амаки Маҳмуд меранҷанд, ки ҳамеша камбудиҳояшонро бе ягон ибо ба рӯяшон мегӯяд ва аз корҳои хато ва мардумозориашон шадидан интиқод мекунад. Ба қавли худаш ҳамин ҳалолкорию сахтзабониаш дар баробари зулму ноадолатӣ буд, ки бо вуҷуди донишманд будан дар ҳеч ҷое ба худ кори муносиб наёфт ва ҳамеша мавриди сиёҳкуниҳои баъзе аз масабчадорон гардид. Аммо ӯ чунон озодандешу қавиирода аст, ки ба гуфти худаш ба ҳарфи ҳар “навдавлату навмансаб” гӯш намедиҳад.
Ҳамеша таъкид мекунад, ки озода зистану озода мурдан шараф ва камоли инсонист. Одамони чопулус ва тамалуқкорро бад мебинад ва тамоми бадбахтиҳои одамонро аз онҳо медонад. Ӯ бар ин бовар аст, ки бетарафию хомӯшӣ дар ҳар замоне инсонҳоро бешарафу беномус карда, ба ғулом табдил медиҳад. Мо борҳо назди амаки Маҳмуд ба зону зада қиссаю ривоятҳои ҷолибе дар бораи гузаштагон шунидаем. Ҳар гоҳе, ки ба масҷид биёяд чанд дақиқа ба ҷавонон дарси адабу ахлоқ медиҳад ё панде аз гузаштагон меомӯзонад. Як рӯз қиссаи аҷиберо нақл кард. Мо ин қиссаро як афсона пиндоштем, аммо амаки Маҳмуд онро воқеият медонист ва мегуфт ҳар ривояту қисса як сабаби ба вуҷуд омадан дорад.
Ӯ нақл кард, ки дар замонҳои пеш як марде бо номи Пайтак зиндагӣ мекарда, ки пешааш подабонӣ будааст. Аз хурдӣ миёни говҳо ва бузу гусфанд калон шуда, дар саҳро низ бо ҷамъоварии алафу гандум машғул будааст. Гардиши айём Пайтакро дар сарзамине бо номи Тарсин шоҳ мекунад. Мардуми Тарсин бо вуҷуди он ки як мардуми шаҳрнишин ва соҳиби фарҳангу дониш будаанд, Пайтакро ба сарварии худ қабул карда, ба ӯ итоат мекардаанд. Билохира ӯ Шоҳи олампаноҳ унвон мегирад.
Пайтак, ки даврони ҷавонии худро миёни гову гусфандон гузаронида, аз сохти давлату давлатдорӣ бехабар буд, мағрури мансаби шоҳӣ шуда зимоми идораро ба дасти чанд хешу рафиқе, ки аз саҳро ҳамроҳаш омада буданд, медиҳад. Ин нафарони Пайтак бо ҳар роҳу восита молу дороиҳои сарзамини Тарсинро талаву тороҷ карда ҳоли давлатро бениҳоят хароб мекунанд. Шоҳ Пайтак бо вуҷуди подабон будан, наметавонист ин ҳолатро нодида бигирад. Чун бо омаданаш ба дарбор каму беш баъзе чизҳоро, аз қабили хӯрдану пӯшидан омӯхта буд. Ӯ аҳли дарборашро даъват карда мехоҳад машварат бигирад, ки чӣ гуна ва бо кадом роҳ сарзаминашро аз ин ҳолат барорад ва хазинаи худ ва кишварашро пур кунад. Як вазираш, ки аз ҳамшаҳриҳои Пайтак буд, пешниҳод мекунад, шоҳ фармоне содир кунад, то ҳар нафаре, ки аз шаҳр мебарояд ё медарояд як дирҳам ба давлат молиёт пардохт кунад. Пайтак ба ин розӣ намешавад, ӯ хавф мебарад, ки мардуми шаҳр аз ин андози барзиёд норизо шуда, алайҳаш қиём мекунанд. Аммо сарфармондеҳи лашкари шоҳ, ки низ ҳамшаҳрии Пайтак буд, ӯро итминон медиҳад, ки тамоми чораҳоро меандешанд, то чунин нашавад. Вазир мегӯяд, ин мардум чунон фарҳанги волое доранд, ки агар бикушӣ ҳам садо баланд намекунанд. Хулоса Пайтак ноилоҷ ба ин розӣ мешавад ва фармоне содир мекунад, ки ба ҷуз андозҳои мавҷуда ҳар нафаре, ки аз шаҳр берун мебарояд ё медарояд бояд иловатан як дирҳам ба давлат бипардозад. Фармони шоҳ дар шаҳр хонда мешавад ва мардум ҳам бе ягон муқобилият онро иҷро мекунанд. Пас аз шаш моҳ вазир ба шоҳ гузориш медиҳад ки аз ин амал фоидаи хуб ба даст овардаанд. Шоҳ аз ин кор хурсанд шуда дастур медиҳад, ҳар шаш моҳ боз ду дирҳами дигар илова гардад.
Бо гузашти солҳо хазинаи шахсии шоҳ ва дигар атрофиёнаш пур шуда соҳиби сарватҳои бузург мегарданд. Пайтак ҳар сари чанд бор мепурсад, ки мардум аз ин кор норизоӣ намекунанд? Тамоми дарбор ба як овоз мегӯяд, не шоҳи олампаноҳ ҳама аз ин амали шумо розӣ ҳастанд. Рӯзе Пайтак аз ин бархӯрди мардум хаста шуда, мегӯяд ҳамаи мардуми шаҳро якҷо ҷамъ кунед. Ман мехоҳам охирин фармони худро ба ин мардум содир кунам. Дастур иҷро мегардад ва ҳамаи аҳолии шаҳр ҷамъ мешаванд. Пайтак ба мардуми худ хитоб карда мегӯяд:
-Эй мардум, имрӯз ман мехоҳам охирин фармони худро ба шумо содир кунам. Фардо ҳамаи шумо ба дор овехта мешавед. Мо дигар ба шумо эҳтиёҷ надорем!
Бад аз лаҳзаи хомушӣ марде, ки аз зумраи зиёиёни он кишвар буд ва гоҳу ногоҳ дар маҳфилҳои шоҳӣ иштирок мекард, даст боло мекунад. Пайтак фикр мекунад, ҳоло ҳам ин қавм марди оқиле доранд, шояд барои ин фармон эътироз мекунад ва садо мезанад, ки бифармо. Он мард мегӯяд:
- Шоҳам, ин фармони шумо боиси сарбаландӣ ва сарфарозии мост. Аммо як суол доштам иҷоза бошад арз кунам? Баъди ишораи шоҳ давом медиҳад: Вақте шумо фардо моро ба дор меовезед оё давлат барои ҳамаи мо банд дорад ё мо худамон бандҳоро ҳамроҳамон биёрем?
Вақте амаки Маҳмуд ба инҷоми қисса расид, ҳамагӣ хандидем. Аммо ӯ ғарқи кадом андешаву хаёле буд. Гуфтам, хеле қиссаи ҷолиб. Ӯ гуфт, на писарам ин як воқеияти талх аст. Ҳарчанд пойфишорӣ кардем, ки ин як ривояти хайёлист, аммо амаки Маҳмуд гуфт, ингуна ривоятҳо метавонанд асоси воқеъӣ дошта бошанд.
Намедонам чаро, аммо чандест, ки ин нақл андешаамро машғул медорад.