13 миллиону 239 ҳазор сомонӣ. Хисороти сел дар Исфара (АКС)
Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Исфара ҳаҷми умумии ҳисороти сели шоми рӯзи 16 августро 13 миллиону 239 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст. Аммо мегӯяд, ин рақам ниҳойӣ нест ва дар пайи ҳисобҳои аввалия рӯйи даст омадааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми зарари ба иншооти обтаъминкунии мансуб ба Идораи давлатии замин ва обёрии шаҳри исфара расида беш аз 2,5 миллион сомонӣ буда, соҳаи кишоварзии шаҳр дар ҳаҷми зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ осеб дидааст. “Ҳаҷми ҳисороти ба иншоотҳои ёрирасони “Корхонаи кимиёвӣ”-и Исфара ва шаҳраки Навобод аз офати табиӣ расида 5 миллион сомониро ташкил медиҳад”.
Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара мегӯяд, бо иқдоми раиси шаҳр Дилшод Расулзода 17 август бо мақсади роҳандозии корҳои барқароркунӣ ва аз селовардҳо тоза намудани маҳалҳои аҳолинишин ҳашари умумихалқӣ баргузор карда шуд, ки дар раванди он, дар қатори садҳо сокини шаҳр ва кормандони ҷомеаҳои меҳнатӣ ҳамчунон 30 сарбози қисми ҳарбии 02267-и Вазорати мудофиа ширкат доштанд: “Рафти корҳои бартарафнамоии оқибатҳои нохуши офати табиӣ ва барқарорнамоии иншооту таҷхизоти осебдидаро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таҳти назорати бевоситаи худ қарор додааст”.
Ба иттилои манбаъ, бо дастури раиси вилоят як гуруҳи корӣ таъсис ёфта, ба маҳалли ҳодиса рафтаанд: “Бар асари боришоти пайдарпайу шадид ва омадани сел, ки санаи 16 август аз соати 18:15 то 19:30 идома дошт, ба 272 манзили истиқоматии сокинони маҳаллаҳои Матпарӣ ва Даҳанақули ҷамоати деҳоти Шаҳрак, маҳаллаҳои навбунёди 12-13-14, маҳаллаҳои Сомониён, Тамохуш, Бинокор, Ҷазира ва Афғонҳои маркази шаҳр ба миқдори зиёд селоба ва лойиқа даромада, ба иншоотҳои истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва зироатҳои заминҳои наздиҳавлигии онҳо ҳисорот ворид намуд. Дар асоси маълумоти фаврӣ ва санадҳои тартибдодаи ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Исфара 6 манзили истиқоматӣ пурра ва 10 хона кисман вайрон гардидаанд. 2 адад трансформатори барқӣ аз кор баромада, ба миқдори зиёд симчубҳо ва хатҳои интиқоли барқ осеб дидаанд. 2 сар чорвои калони шохдор ва 12 сар чорвои майдаи шаҳрвандонро сел бо худ бурдааст”.