10 сол ҳукми ронандаи “БМВ-530”, ки дар Хуҷанд 5 нафарро пахш кард
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ронандаеро, ки бо мошини “БМВ-530”-аш 5 нафарро пахш намуд, 10 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора манбаи “Озодагон” аз Додгоҳи шаҳри Хуҷанд хабар дод.
4 майи соли равон, тахминан соати 16:30 дақиқа, дар сероҳаи кўчаи Аминҷон Шукўҳӣ ва Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар рў ба рўи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирўз Ҷалолов, ронандаи 35-солаи мошини “БМВ-530” 5 пиёдагардро пахш кард. Дар пайи садама 3 нафар ба ҳалокат расида, 2 каси дигар маҷруҳ шуд. Ҷалолов, ронандаи “БМВ-530” баъди садама иддао кард, ки 7 сол инҷониб мубталои бемории саръ ё “эпилепсия” мебошад ва замони вуқӯи садама он хуруҷ кардаву чизеро дар ёд надорад. Аммо Ашӯрбой Содиқов, сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати умури дохилии Суғд рӯзи 14 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар ин бора гуфт, Ҷалолов воқеан ба бемории саръ гирифтор аст, аммо ин касалӣ сабаби садама нашудааст: “Мо дар вақти тафтишоти пешакӣ муайян кардем, ки сабаби асосии ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани Ҷалолов ин гуфтугў бо телефонӣ мобилӣ мебошад”.
Зимнан, тибқи иттилои Дафтари матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, тайи 6 моҳи соли равон дар қаламрави шимоли кишвар 139 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд расидааст, ки дар пайи он 53 нафар ҳалок ва 141 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.