Роҳхати Дилшод Назаров ба даври ниҳоии олимпиадаи Бразилия
Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик дар мусобиқоти интихобии гурзандозӣ ҷойи севумро соҳиб шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ин мусобиқа, ки 17 август баргузор шуд, Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 76 метру 39 сантиметр ҳаво дода, дар гуруҳи “В” мақоми сеюмро ишғол кард. Дар ин гуруҳ зинаи аввал насиби Войтсех Новитски, варзишгари лаҳистонӣ (77.64 метр) ва ҷойи дувум насиби Иван Тихон аз Беларус (76.51) гардид.
Дар маҷмӯъ дар олимпиадаи Рио-де-Жанейро 32 гурзандоз иштирок доштанд. Онҳо дар ду гуруҳ “A” ва “B” қувваозмоӣ карданд.
Дар гуруҳи “А” Вагнер Домингос аз Бразилия (74.17), Марсел Ломнитски аз Словакия (74.16) ва Евгений Виноградов аз Украина (73.95) мутаносибан ҷойҳои як то серо соҳиб шуданд.
Баъди натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ аз миёни 32 нафар 12 кас ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Онҳо рӯзи 19 август бо ҳам қувва меозмоянд.
Дилшод Назаров ягона варзишгари тоҷик аст, ки ба даври ниҳойии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳ ёфт. Шаш варзишгари дигар ноком шуданд.