Қатъи ҷустуҷӯи ҷасади ду куҳнаварди рус дар Бадахшон
Се куҳнаварди рус, ки қасди фатҳи қуллаи Исмоили Сомониро доштанд, зери тарма мондаанд.
Давлат Ҳабибов, раиси Шӯрои рушди туризми Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса 14 август дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷилгатоли собиқ) дар наздикиҳои қуллаи Исмоили Сомонӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин куҳнавардон наҷот дода шуда, ҷустуҷӯи як зану як марди дигар бенатиҷа будааст. Ҷаноби Ҳабибов афзуд, ҷустуҷӯи ҷасади ин афрод қатъ шудааст.
Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар баландии 7495 метр, дар ҳудуди шимолу ғарбии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, то соли 1962 номи “Қуллаи Сталин” дошт. Он баъдан бо “Қуллаи Коммунизм” тағйир ном кард ва баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар соли 1999 ин қулла бо арҷгузорӣ ба нахустин поягузори давлати тоҷикон қуллаи Исмоили Сомонӣ ном гирифт.