Дар ин авохир ду додраси ноҳияҳои Тоҷикистон бо иттиҳоми ришваситониву ришвадеҳӣ дар ҳаҷми бузург боздошт шуданд. Ба дунбол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо фармонҳои худ ин ду додрасро барои “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб барканор кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: БАЪДИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ ДОДРАСҲО ДИГАР РИШВА НАМЕГИРАНД?
Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Ришваситониву ришвадиҳӣ дар Тоҷикистон ончунон реша дорад, ки бо ҳабсу аз кор баканор кардани ду се додрасу додситон аз байн намеравад. Дар ҳоле ки тайи солҳои охир чандин ин гуна ҳодисаҳо буданду омилонаш беҷазо монданд. Агар ҷазои сазовор гиранд, мумкин ба дигарон панд шавад. Аммо ба ҳар ҳол вокуниши Президент баёнгари он нукта аст, ки сардори давлат инро таҳаммул надорад.
Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқшинос
Аслан дар низомҳои ҳуқуқию маъмурии мо чунин таҷриба рўи кор омадааст, ки бо ҷинояткор мубориза мебаранд. Аммо дар кишварҳои мутамадини низоми ҳуқуқиаш одил бо ҷиноят мубориза мебаранд. Ин маънои онро дорад, ки шахсро баъди ҷиноят содир намуданаш дастгир мекунанд ва ба ҷавобгарӣ мекашанд, зиндон менамоянду аз кор меронанд ва чанд лаҳза бо мақсади резондани обрӯяш менависанду реклом мекунанд, ки гўиё барои дигарон дарси ибрат бошад. Ин мутлақо таҷрибаи нодуруст мебошад. Пеш аз ҳама бояд бо ҷиноят мубориза бурд, ки он содир нашавад ва имкони пешгирии он бошад. Он вақт ҳам инсони комил тарбия меёбаду ҳам давлат рушд мекунад. Барои ин пеш аз ҳама сиёсати иҷтимоӣ таъмин бошад, шароити кор ва музди меҳнати арзанда, ки ҷавобгӯи моликияти зеҳнии ҳар як шахс бошад. Ӯ судя аст ва ё дигар қишри ҷомеа сараввал ба ӯ музди меҳнат пардохта шавад, ки барои зиндагии ободу осуда кифоя бошад. Шароити хуби зист дошта, аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор бошад. Вақте ки ҳамаи шароитро давлат муҳайё кард, пас метавонад аз шахси мансабдор талаб бикунад, ки ба амалҳои хилофи қонун, аз зумраи ришваситонӣ даст назананд. То он даме, ки инсон нафс дорад ва талаботи ӯро давлат конеъ карда наметавонад, пора мегиранд. Бояд давлат низ масъулияти худро дар назди шахси мансабдор иҷро кунад.
Умед ҶАЙҲОНӢ, таҳлилгар
Ришва мегирифтанд, мегиранд ва хоҳанд гирифт. Бо боздошти ду додрас фасод ҳаргиз решакан намешавад. Ин боздоштҳо ҳеч асару таъсире бар дигар ришваситонҳо намегузоранд. Дур ҳам нест, ки ҳамин боздоштшудаҳо бо ришва додан озод бишаванд.
Қурбона НАСРИДДИНШОЕВНА, гиёҳшинос
Фикри мекунам дуруст аст, ки раисиҷумҳури кишвар чунин додрасҳоро аз мансаб дур карданд. Ба дигарон ин як дарсе мешавад, то ба чунин амалҳо даст назананд. Бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон қонуни асосии давлатро риоя кунад.
Иззат АМОН, раҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Русия
Додрасҳо ҳама вақт ришва мегирифтанд ва дар оянда ҳам хоҳанд гирифт. На танҳо додрасҳо, балки тамоми баданаи ниҳодҳои давлатиро фасод хурда несту нобуд карда аст. Ин аст, ки ҳар куҷо равӣ аз шумо барои анҷом додани коратон пул мепурсанд. Барои он ки додрас ришва нагирад, маоши ӯро бардоштан лозим, ки ҳамон маош ҳадди ақал ба рӯзгораш расад.
Саидмурод ФАРРУХЗОДА, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе
Системаи идораи давлатӣ то ба ҳамон ҳадде "худмухтор" шудааст (манзурам хизматчиёни давлатие, ки “винтик”-ҳои ин системаанд), ки ҳар як воҳиди масъули он худашро "Худо"медонад. Ин барканории додрасҳо, муддате шояд аз чунин аъмол дигаронро боздорад. Гап сари "нарх" меравад, на тарс. Агар "нархи" шоиста бошад, "винтикҳо" кори худро идома медиҳанд.
Музаффари ИМОМДОД, фаъоли шабакаи “Фейсбук”
То агар моҳҳонаи судяҳоро аз ҳазор доллар боло набардорем, ин масъала ҳалли худро намеёбад. Мегӯянд, ки афроде вазифаро то 30, 40, 50 ҳазор доллар мехаранд ва дар тули як ё ду соли фаъолияти корияшон маблағеро, ки вазифаро харидааанд бояд кор кунанд. Ришвагирӣ ба система табдил ёфтааст, дар хун даромадааст ва барои ҳалли ин, насли наврасро дуруст тарбия кардан лозим.