То анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳудуди 10 рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи дафтари матбуоти вазорати мудофиа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин муддат аксарияти комиссариатҳои шаҳру навоҳии кишвар аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Иҷрои нақша дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва 4 навоҳии пойтахт пурра ба анҷом расидааст. Дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ маъракаи даъват ба сафи артиши миллӣ ҷараён дорад. Нақшаи умумии даъват дар ҷумҳурӣ то имрӯз 98,3%-ро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, даъвати наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба он хотир муддати ду моҳ ба роҳ монда шудааст, ки сифати даъват қобили қабул бошад. «Ин имконият медиҳад, ки ҷавонони солиму бардам интихоб шуда, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ равон карда шаванд»,-гуфт Маҳмадалиев.