Сабти 29156 таваллуд ва 5774 фавт дар Суғд
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд давоми 6 моҳи ахир дар шимоли кишвар 29 ҳазору 156 таваллуд ва 5 ҳазору 774 фавтро ба қайд гирифтааст.
Аз ин ниҳод имрӯз, 17 август ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки сабти бештари таваллуду фавт дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров ба назар мерасад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ин давра ҳам таваллуд ва ҳам фавт дар қаламрави вилоят коҳиш ёфтааст: “Масалан, таваллуд дар маҷмӯъ, назар ба ҳамин нимсолаи аввали соли равон 929 адад ва фавт 11 адад кам шудааст”.