Хисороти сел дар Исфара (АКС)
Боронҳои шадид ва сел дар Исфара маҷрои оби дарёро дигар кард ва харобии зиёд боқӣ гузошт.
Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара мегӯяд, борони шадид шоми рӯзи гузашта, 16 август ба маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳраки Шӯроб, Сомониён, Навобод, Ҷазира, Матпарӣ, маҳаллаҳои 13, 14 ва 15 хисороти зиёд ворид намудааст.
Ба гуфтаи Тешаев, дар пайи сел манзилҳои шаҳрвандон зарар дида, зерсохторҳои шаҳр ба мушкил рӯбарӯ шуданд. Ҳаракати нақлиёт тақрибан барои як соат дар шоҳроҳи Исфара ғайримумкин шудааст.
Ӯ афзуд, аз субҳи имрӯз 9 гуруҳи корӣ дар маҳаллаҳои осебдида ба кор оғоз карда, ба мардуми осебдида хӯрокворӣ тақсим намуданд.
Аксҳо аз саҳифаи фейсбуки Иқбол Тешаев