Ҳалокати ноболиғи 9-сола зери чархи “Мерседес-Бенс”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як сокини 9-солаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса сешанбеи 16 август ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, писарбачаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкурро, ки дар канори роҳ меистод, пахш намудааст”.
ВКД мегӯяд, дар пайи ҷароҳатҳои бардошта, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.