Прокурор нагуфт, ШУМО БИГӮЕД, ба рафтори корманди милиса чӣ баҳо медиҳед? (ВИДЕО)
Ахиран, дар интернет наворе ба сайр даромад, ки дар он як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ноболиғеро шаппотӣ задаву дашномҳои қабеҳ мекунад. Маълум нест, ки ин навор кай ва дар куҷо гирифта шудааст. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа 9 август бо пешниҳоди ариза ба додситони кулли Тоҷикистон хостори расидагӣ ба ин қазия шуд ва муҷозоти корманди милисаро талаб кард. Аз ин эътилоф ба “Озодагон” гуфтанд, ҳанӯз шарҳи расмие дар мавриди аризаи худ дарёфт накардаанд. Он наворро бо ҳазфи дашномҳо дар “ШУМО БИГӮЕД”-и ин ҳафта нашр мекунем ва интизори назарҳоятон ҳастем.
P.S. Шарҳҳое, ки дашном ва ҳарфҳои носазо доранд, нашр намешаванд.