А.Давлатов: Одаме, ки ба неруи худ боварӣ дорад, агар душманашро афтонд, ӯро лагадкӯб намекунад
Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти ахири хабариаш гуфт, ҷонибдори эҳёи ҳукми қатл аст. Зимнан, “Озодагон” аз соҳибназарону коршиносон пурсид: ЭҲЁИ ҲУКМИ ҚАТЛ ДАР ИН ШАБУ РӮЗ ЧӢ ЗАРУРАТ ДОРАД ВА БА МО ЧӢ МЕДИҲАД?
Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос
Дар шароити Тоҷикистон ягон зарурат барои эҳёи ҳукми қатл нест. Коррупсия, набудани адолати судӣ, сатҳи пасти дониши судяҳо, маҳалгароӣ, дахолати ғайриқонунии омилҳои гуногун ба судяҳо ва хатоиҳо зимни баррасии парвандаҳо дар мурофиаи судӣ боиси он мешаванд, ки аз ҳукми қатл сӯиистифода шавад. Иваз кардани ҳукми қатл ба ҳабси абад имкон медиҳад, ҳангоми зарурат ва ошкор шудани хатои судя, он ислоҳ карда шавад.
Шуҳрат ЛАТИФОВ, коршинос
Дар мавриди ҳукми қатл баҳсҳо зиёданд. Дар Амрико бо вуҷуди маркази демократияи ҷаҳон будан ҳукми қатл пойбарҷост. Дар Аврупо, ки яке аз шартҳои асосии шомил будан ба Иттиҳоди Аврупо набудани ҳукми қатл аст, сол аз сол тарафдорони ҳукми қатл зиёд гашта истодааст. Ба ин масъала аз ду дид бояд назар кард. Якум аз нигоҳи ҳуқуқи башар, дуввум аз нигоҳи ҷабрдидаи ҷиноятҳои вазнин. Аз нигоҳи ҳуқуқи башар зид, лек аз нигоҳи ҷабрдидаҳои ҷиноятҳои вазнин тарафдорам. Ман шахсан тарафдори ҳукми қатл мебошам, зеро соли 1993 бародарамро аз даст додаам.
Абдуманон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар
Дар асл зиди ҳукми қатл нестам, чун шариъат барои бархе аз гуноҳҳо ин намуди ҷазоро таъйин кардааст. Аммо барои имрӯзи Тоҷикистон на танҳо зидди ҷорӣ шудани ҳукми қатл ҳастам, балки таррафдори манъи ҳукми беш аз 5 соли зиндонам. Чун аксари онҳое, ки дар Тоҷикистон равонаи зиндон мегарданд, бегуноҳанд. Ба хотири ин аксарият, нисбати гуруҳи кӯчаке, ки воқеъан гунаҳкоранд, мешавад чашм пӯшид. Албатта хуб мебуд ҳукми қатл танҳо нисбати додситону қозиҳое, ки аз мансаб сӯиистифода мекунанд, ҷорӣ шавад, аммо метарсам, ки танҳо чанд додситону қозии содиқ бо сабаби напайвастанаш ба артиши фасод эъдом мешавад.
Абдумалик ҚОДИРОВ, коршинос
Фикр накунам, ки Додситони кулл бо ҷонибдориаш аз ҳукми қатл мавқеи расмии кишварро изҳор карда бошад. Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва ҷонибдории худ аз манъи ҳукми қатлро кайҳо баён кардааст. Ман аслан ҷонибдори ҳукми қатл нестам ва ҳеч гоҳ нахоҳам буд. Ҳукми эъдом нишонаи зурии ақл нест, он танҳо аз зӯрии бозу далолат мекунад. Танҳо онҳое ба ин кор даст мезананд, ки дигар наметавонанд аз роҳҳои мутамаддини пешгирии ҷиноят кор бигиранд. Баъдан, ҳукми қатл ва ё эъдом аз ҷазоҳоест, ки дар сурати амалӣ гаштанаш, ислоҳ намешавад. Яъне, эъдомшударо бозпас ба ҳаёт баргардонидан мумкин нест. Яъне, эълони чунин ҷазо аз судя масъулияти ниҳоят баландро талаб мекунад, ки мутаассифона мо онро дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дида наметавонем. Бо ин ҳама ҳукмҳои тӯлонии зиндон, ки судяҳои мо имрӯз ба қавле “пачка-пачка” мебароранд, ман тасаввур карда наметавонам, ки агар чунин ҳукм раво бошад, аҳволи “гунаҳкорони сиёсӣ”-и мо чӣ мешуда бошад. Охир мо фарҳанги таҳаммули дигарандешӣ надорему гумон мекунем, ки “хар ки бо мо нест, душмани мост” ва “душманро бояд нест кард”. Аз ин рӯ, фикр мекунам ҳукми қатл барои ҷомеаи мо зарурате надорад. Ҷони одам бозича нест, ки, агар шикастӣ, рафта аз ҳар мағоза онро харида тавонӣ.
Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия
Қатл ба касе чизе надодааст, ки ба мо (манзурам Тоҷикистон) диҳад. Ин ҷавоб ба қисми дуввуми саволатон. Пеш аз посух ба қисми аввали саволатон қайд кунам, ки дар замони ҷанг мегӯянд: "агар душманро наппарондӣ, ӯ туро мепарронад". Худи ҳамин фаҳмиш гувоҳи он аст, ки як нафар нафари дигарро аз тарс ба қатл мерасонад. Маълум аст: одаме, ки ба неруи худ боварӣ дорад, агар душманашро афтонд, ӯро лагадкӯб намекунад. Чаро ки боварӣ дорад: бархесту хашм кард, дубора меафтонадаш. Танҳо нафарони заъифе, ки аз тавони худ дилпур нестанд, ҳарифи афтидаро лагадкӯб мекунанд ва ё мекушанд. Аз ин ҷост, ки дар замони ҷанг аввал мардонеро ба қатл мерасонанд, ки тавони ақлӣ ва ё неруи ҷисмонӣ доранд. Хулоса, чи дар сатҳи хусумати инфиродӣ ва чи дар сатҳи давлатӣ, ба қатл расонидани инсон - ин нишонаи нотавонӣ аст. Давлат бояд пешгирӣ кунад, то ҷиноят кам шавад, на ин ки зулмро беандоза кунаду ҷиноятзо бошад ва баъд ҷинояткардаро эъдом кунад. То ҷое ман иттилоъ дорам, дар Тоҷикистон рӯзафзун ҷинояткорӣ ва худкӯшӣ зиёд мешавад. Яъне, бояд сабаби чунин вазъ таҳқиқ гардад ва аз ин фоҷиа пешгирӣ карда шавад. На ин ки аз принсипи кории Сталини хунхор "Одам нест - мушкилӣ нест" истифода кунанд.
Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшиноси Созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Красноярски Русия
Тавре маълум аст, Тоҷикистон яке аз он давлатҳое мебошад, ки соли 2004 ба ҳукми қатл моротория эълон кард ва онро баъдан ба ҳукми якумра, яъне алтернативаи ҳукми қатл иваз намуд, ки барои категорияҳон ҷиноятҳои махсусан вазнин пешбинӣ гардидааст. Аммо Тоҷикистон узви Конвенсияи байналмилалӣ зидди "эъломияи манъи иҷрои ҳукми қатл" мебошад. Ба ақидаи ман зарурати эҳёи ҳукми қатл дар Тоҷикистон барои бархеҳо айни муддаост, шояд мехоҳанд бо ҷорӣ кардани ин ҳукми сангини ғайридемократӣ аз мухолифин, равшанфикрони гапнодаро халос шаванд, дар дигар ҳолат ман зарурати эҳёи ин ҳукмро намебинам. Имрӯзҳо пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ хеле зиёданд. Нафарони зиёде ҳастанд, ки бо парвандаҳои фармоишиву сохтакоронаву аҳмақона бе мавҷудияти далелҳои кофӣ дар кунҷи зиндон умр ба сар мебаранд. Шояд мехоҳанд бо эҳёи ин ҳукм мухолифину равшанфиконро тарсонанд. Давлате, ки сохташ дар ҳақиқат демократии ҳуқуқбунёд бошад, наметавонад бе мухолифин ва бе мунаққид, бе равшанфикр арзи вуҷуд дошта бошад.