Бомбандози русӣ, ки дар тамринҳои Тоҷикистон ширкат намуд, дар Эрон зуҳур кард
Дар пойгоҳи ҳарбии Ҳамадонии Эрон бомбандози Ту-22М3-и Русия дида шудааст, ки ба гуфти расонаҳои русӣ дар тамринҳои моҳи марти соли 2016 дар Тоҷикистон ширкат доштааст.
Аксҳо аз ин бомбандоз дар яке аз торнигорҳои шабакаи иҷтимоии Твитар пайдо шудаанд. Дар ин торнигор навишта шудааст, суратҳо дар пойгоҳҳои ҳавоии 3-юми токтикии Қувваҳои ҳарбию ҳавоии Эрон дар шимоли Ҳамадон бардошта шудаанд. Дар қатори дигар мошинҳои мавҷуд ҳамчунин дар аксҳо Ту-22М3 низ ба мушоҳида мерасад. Дар баробари Ту-22М3 тайёраи низомии ИЛ-76 бо навиштаи “ВВС Россия” ҳам дида мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки вазири мудофии Русия пештар гуфта буд, тайёраи Ту-22М3, ки ба минтақаҳои размандагони ДИИШ дар Сурия зарба зад, аз пойгоҳҳои ҳавоии Русия парвоз кардааст.