Шаҳрванди Тоҷикистон барои пешниҳоди миллион рубл пора пушти панҷара рафт
Додгоҳи марказии Воронеж як шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистонро барои пешниҳоди пора дар ҳаҷми калон се сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ин муҳлатро ӯ дар колонияи низомаш умумӣ пушти сар хоҳад кард.
Бино ба фарзияи тафтишот ин мард моҳи ноябри соли 2015 ба муфаттиши калони Хадамоти федеролии амниятӣ (ФСБ) миллион рубл пора пешниҳод кардааст: “Ин пулро ӯ барои “кумак” дар баррасии парвандаи шарикаш, ки дар талоши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешуд, пешниҳод кардааст”.
Манбаъ мегӯяд, муфаттиш гӯиё розӣ шуда, ба мақомоти дахлдор хабар додааст. Ҳангоми аз дохили мошини “ВАЗ 21124” додани 650 ҳазор рубл ва 3 800 доллар (наздики 245 ҳазор рубл) ӯро дастгир кардаанд.