(ВИДЕО) Корманди “Тоҷиксодиротбонк”: Раиси нав маро буғӣ кард
Абдулмӯъмин О., сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, рӯзи 8 августи соли равон Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари муваққатии бонк ӯро буғӣ кардааст.
Абдулмӯъмини 63-сола, ки феълан дар беморхонаи марказӣ бо далели бемории асаб бистарӣ аст, 15 август дар суҳбат бо “Озодагон” далели латту кӯб шуданашро пайдо гардидани дастгоҳи сабти пинҳонӣ ё “жучок” дар утоқи раиси Мирҳаёт Ёқубов гуфт. Ӯ мегӯяд, 8 август баъди анҷоми кор сардори хадамоти бехатарии бонк ӯро ба утоқи раиси муваққатӣ даъват кард: “Маъмурияти муввақатии “Тоҷиксодиротбонк” ҳамроҳи 2-3 корманди пешин истода буданд. Як “провода” дар ҳамон ҷо кашол буд. Ростӣ гап раиси мувақатии бонкро як ду бор дида будам, хуб нашинохтам. Як одам аз байни онҳо ҳамон раис, яъне Мирҳаёт Ёқубов будааст, гуфт, “ин чӣ аст?” ва аз гулӯям қапид. Баъд гирифу дар болои як миз гулӯямро хафа кард. Гуфт: “Гап зан, инро ҳамроҳи кӣ мондӣ? Моро “жучок” мондед. Гӯш мекунед”.
Абдулмӯъмин афзуд, раиси нави “Тоҷиксодиротбонк” ба ӯ имконияти суҳбат кардан надодааст: “Нафасам гирифта буд. Қариб, ки мемурдам. Онҷо қариб 10-12 нафар буданд, аммо ягон кас моро халос накард”.
Ӯ гуфт, раис баъдан ба Сафар ном муҳофизи худ амр додааст, вайро бурда дар Бонки миллӣ маҳкам ва баёноташро бигиранд: “Сафар маро маҷбуран даруни ҳоҷатхонаи бонк бурда, қулфи онро аз дарун шикаст ва маро онҷо қариб 2 соат нигоҳ доштанд. Ба писарам телефон кардаму гуфтам, ки маро қариб мекушанд”.
Ба нақли Абдулмӯъмин пас аз дидори писараш бо раиси “Тоҷиксодиротбонк” ӯро озод мекунанд, вале 2 соати дигар баёноташро мегиранд: “Соатҳои 22:30 баёнотнависӣ тамом шуд. Баъд моро ҷавоб доданду хона рафтем”.
Ин корманди “Тоҷиксодиротбонк”, ки акнун аз бемории асаб ранҷ мебарад ва дучори бехобӣ шудааст, пайомдаи латту кӯбашро чунин гуфт: “Баъди ҳамин кор маро дигар хоб набурд. Ҳамин рӯзи аввал аст, ки пас аз хурдани доруҳо аз соати 9 то соати 5-и бегоҳ хоб кардам. Ягон бор мо инхел таҳқирро надида будем. Қариб 10 сол шуд дар ҳамонҷо кор мекунам. Дар онҷо 3,5 ҳазор одам кор мекунад. Ҳамаи ҳамон маро мешиносад. Ман миёни ҳамкорон шарманда шудам”.
Абдулмӯъмин мегӯяд, аз ин қазия ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ариза навиштааст. “Онҳо гуфтанд, ки ин кори мо нест. Мо ин корро намебинем, аммо мо ҳуқуқ надорем, ки аризаи одамонро қабул накунем. Аризаи маро қабул карданд. Гуфтанд мо таҳти назорат мегирему ба прокуротура равон мекунем”,-илова кард вай.
Ӯ ба суоли ин ки пас аз ин қазия хоҳиши кор кардан дар “Тоҷиксодиротбонк”-ро дорад, гуфт: “Агар нисбати ҳамин одам ягон чора набинанд, вай сардор бошад ман чӣ хел кор карда метавонам: “Ту аз болои мо ариза навиштӣ”гуфта маро кор кардан намемонанд. Ман 63 сол дорам. То нафақаам ҳамагӣ 3-4 моҳи дигар монд. Наздик ба 15 сол дар як ҷо кор кардам. Кӣ дар ду се моҳи мондагӣ корро мепартояд? Ҳисоби миёнаи музди меҳнат барои нафақа лозим аст-ку?! Агар имконият бошад, корамро давом доданӣ ҳастам”.
Абдулмӯъмин афзуд, дар қазияе, ки ӯро гунаҳкор кардаанд, ба вазифаи хизматии ӯ шомил намешавад: “Якум, бояд ҳамаи инро месанҷиданд, ки инро кӣ кардааст? Аз куҷо ба куҷо бурдаанд? Дар вазифаи хизматии кӣ медарояд? Ҳамин корро накарданд ва ба ман зарбаи маънавӣ заданд”. Ӯ гуфт, гузашта аз ин баъди санҷиш маълум шуда, ки ҳамаи дастгоҳҳои сабти пинҳонӣ, ки аз утоқи раис пайдо шуд, корношоям будааст.
Талоши мо барои суҳбат бо раҳбарияти муваққатии "Тоҷиксодиротбонк" то ин лаҳза бенатиҷа буд. Дар сурати дарёфти назари онҳо "Озодагон" онро нашр мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон 18 майи соли равон дар “Тоҷиксодиротбонк” барои се моҳ маъмурияти муваққатӣ таҳти роҳбарии Мирҳаёт Ёқубовро таъин кард. Ҳадафи ин тасмим "беҳтар кардани вазъи молиявии бонк ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он" унвон шуд.
“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон аст, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд. Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат - “Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошад, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” марбут дониста мешавад.