Ҳамлаи 6 ҷавон бо “Макаров”-у чӯбдаст ба сокниони ноҳияи Рӯдакӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти шаш ҷавони аз 20 то 29-сола хабар додааст, ки дар авбошӣ муттаҳам мешаванд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршудаҳо шаби 11 ба 12 август тахминан соати 04:00 дар қаҳвахонаи “Бедуин”, воқеъ дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз таппончаи газии тамғаи “Макаров” ва чӯбдаст, ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва рафиқонаш, сокинони ҳамин ноҳия ҳамла намуда, “ду маротиба бо таппончаи мазкур ба сари рафиқаш, марди 40-сола зада, ду нафар ҷавонони 18 ва 27-соларо ба ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бурда, бе ягон асос мавриди лату кӯб қарор додаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ин ҷавонон маблағи 120 сомонӣ, автомашинаи шахсии тамғаи “Ваз-2105”-ро бо роҳи зӯроварӣ гирифта, 4000 сомонии дигар талаб намудаанд: “Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.