Зоиршо аз Ироқ: Очаҷон, хато кардам, аз ин ҷо мегурезам...
Раҳима Ҷаборова, як сокини ноҳияи Кӯлоб, ки баъди гирифтани хабари даргузашти писараш дар Ироқ, тамоми маросими азодориро анҷом дода буд, ахиран бо шунидани зинда буданаш, бе ҳузури вай аз мавлуди ӯ ҷашн гирифтааст.
Хонум Ҷабборова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба онҳо хабар расид, ки Зоиршо дар ҷангҳои Ироқ ба ҳалокат расидааст, аммо ӯ занг зада, гуфтааст, зинда аст ва талош мекунад, ки гурехта ба Ватан биёяд.
Зоиршо Ҳайитов, сокини ҷамоати Зарбдори деҳаи Панҷосиёб моҳи сентябри соли 2014 баъди хатми омӯзишгоҳи касбии шаҳри Кӯлоб барои мардикорӣ Русия меравад. Ба гуфтаи модараш, писари калонаш ҳам дар мардикорӣ буд, аммо Зоиршо назди ӯ нарафтааст: “Баъди шаш моҳ пул фиристод. Гуфт, ки нав кори хуб пайдо кардааст. Зуд-зуд телефон мекард, мегуфт, ки оча як хонаро ба ман монед, омада худам онро таъмир мекунам. Инҷо ҳунарҳои хуб ёд гирифтаам”.
Раҳима Ҷаборова афзуд, моҳи апрели соли 2015 ҳамроҳони писараш, ки низ аз шаҳри Кӯлоб будаанд, ба писари калониаш Сунатулло занг зада мегӯянд, бародарат бо шахсони номаълум дар бораи сафар ба Сурия ва Ироқ суҳбат мекунад: “Сунатулло рафта, ӯро назди худаш меорад. Мегӯяд, ки барои ту билет мехарам ба Тоҷикистон меравӣ, аммо Зоиршо аз ҷойи хоби ӯ мегурезад. Баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯҳо ба хона занг зада гуфт, ки ӯро пайдо накардам”.
Ба қавли модари Зоиршо бо гузашти чанд моҳ як рӯз писари ҳамсоя ба хонаашон омада, мегӯяд, Зоиршо бо вай дар шабакаи иҷтимоии “одноклассники” суҳбат мекунад: “Бо кумаки писари хурдиам ба вай паём навиштем. Аз он тараф навишт, ки дар Ироқ ҳастам ва сахт пушаймонам. Баъди се рӯзи ба он ҷо рафтан фаҳмидам, ки хато кардам. Оҷаҷон, коре карда, аз ин ҷо мегурезам. Як моҳ нагузашта, навишт ки гурехтааст ва мо ба мақомот хабари фирор карданашро расонидем. Аммо баъди як рӯз паёмаке гирифтем, ки навишта буданд, Зоиршо шаҳид шуд”.
Хонаводаи Зоиршо баъди ин хабар тамоми маъракаҳои азодориро анҷом додаанд: “Як рӯз ба падараш телефон карда мегӯяд, ки зиндаву саломат ҳаст ва бо чӣ азобе набошад, фирор мекунад. 31 июл зодрӯзи писарам буд, бе ҳузури ӯ ҷашн гирифтем. Бовар дорам, ки писарам бармегардад”.
Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба “Озодагон” гуфт, теъдоди афроде, ки аз ҷамоати Зарбдори ноҳияи Кӯлоб дар ҷангҳои Ироқу сурия иштирок доранд, ба 8 нафар мерасад.