Сафорати Туркия дар бораи тақдири донишҷӯёни тоҷик ва ширкати “Шалола”
Сафорати Туркия дар Тоҷикистон мегӯяд, донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои марбут ба Фатҳулло Гюлен дар Туркия таҳсил мекарданд, ба муассисаҳои таълимии дигар гузаронда мешаванд.
Фотеҳ Қаҳрамон, кордори сафорат рӯзи 12 август дар як нишасти хабарии созмонёфтае дар Душанбе дар посух ба ин савол, ки дар пайи таҳти таъқиб қарор гирифтани Гюлен ва пайравонаш дар Туркия тақдири донишҷӯёни тоҷик чӣ мешавад, гуфт, онҳоро вобаста ба ришта ва шеваи таҳсил (буҷавӣ ё шартномавӣ)-ашон ба донишгоҳҳои дигар мефиристанд. Аммо кордори сафорат изҳор дошт, теъдоди дақиқи донишҷӯёни тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои Гюлен таҳсил доранд, руй даст надорад: “Мо талош мекунем, ки дар ҳолати баста шудани донишгоҳҳо барои донишҷӯёни тоҷик мушкиле пеш наояд”.
Фотеҳ Қаҳрамон дар робита ба муассисаҳои марбут ба Гюлен дар Тоҷикистон гуфт, барои қатъи фаъолияти онҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Ӯ созмони “Шалола”-ро, ки муассиси литсейҳои туркӣ гуфта мешавад, ба ҳаракати “Хизмет”-и Гюлен мутаалиқ донист.
Литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанд фаъолият доштанд. Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли сипаришуда бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ин литсейҳо тағйири сохтор карда, ҳоло мактаби “Бачаҳои лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон” номида мешаванд.