Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи дини Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Фарухулло Олимзода Кароматуллоро муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таъин намуд.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” баъди барканории Тоҷиддин Асомиддинзода аз мақоми муовини раиси Кумита дар моҳи феврали соли 2015 тайи 1,5 соли охир курсии ӯ холӣ буд. Асомиддинзода раҳбари Донишкадаи исломии Тоҷикистон таъин шуда буд.
Фаррухулло Олимзода, муовини нави раиси Кумитаи дин то ҳол раҳбарии раёсати танзими анъана ҷашну маросимҳои миллии ин ниҳодро ба уҳда дошт. Айни ҳол мансаби сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Кумитаи дин холӣ мебошад.