Таъини сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо як фармон Умарҷони Эмомалиро сардори Маркази матбуоти ин ниҳод таъин кардааст.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, фармони вазир сешанбеи 9 август имзо шудааст. Умарҷони Эмомалӣ то таъин шудан ба ин вазифа муовини роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд ва рутбаи подполковники милисаро дорад.
Баъди муовини сардори Раёсати нозироти ташкилии ВКД таъин шудани Ҷалолиддин Садриддинов масъулияти сухангӯи ВКД муваққатан бар души Нусратуллои Саид гузошта шуда буд.
Умарҷони Эмомалӣ солҳои 1999-2001 муфаттиши Шӯъбаи тафтишотии Раёсати ВКД, солҳои 2001-2002 муфаттиши Шӯъбаи тафтишотӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои муташаккили ин Раёсат, солҳои 2002-2004 муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии РВКДН, солҳои 2004-2010 сардори шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҳисор, солҳои 2010-2014 муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии ВКД, солҳои 2014-2015 сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гуруҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД кор кардааст. Моҳи июли соли 2015 муовини роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин гардид.