Питер: Ҳамлаи 2-юми мусаллаҳона ба тоҷикон тайи 1 ҳафта
Мақомоти Русия аз ҳамлаи дуюми мусаллаҳона ба муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт Петербург давоми як ҳафтаи охир хабар додаанд.
Тибқи иттилои «Оперативное прикрытие» шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон шаби 7-уми август дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи шаҳрии №26 бистарӣ шудааст: “Ӯ аз қисмати сар осеб дида, аз зарби корд маҷруҳ шудааст”.
Муҳоҷири тоҷик изҳор доштааст, ки 7-уми август дар назди маҷмааи тиҷоратии “Пик” дар кӯчаи Ефимов ҳадафи ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки шаби 2 ба 3 август низ дар кӯчаи Ленски Санкт Петербург шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон дар роҳ ба мағоза ҳадафи ҳамла қарор гирифта, аз зарби корд ба ҳалокат расида буд. Пулиси ноҳияи Красногвардейски Санкт-Петербург бо иттиҳоми ҳамла ба ин шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон чор наврас, бо шумули як духтарро боздошт намудаанд, ки 15-18-сола будаанд.