Сафири Эрон: Тоҷикистон муҳимтарин манобеи оби ширин дар ҷаҳон аст
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, обро колое номида, ки рӯз ба рӯз ба рӯз аҳамияти он дар дунё афзуда мешавад ва “дар оянда арзиши он аз нафт низ бештар хоҳад шуд”.
Пойгоҳи хабарии “Форс” аз қавли Фағонӣ навиштааст: “Яке аз меҳварҳое, ки Тоҷикисон метавонад бо бархе аз кишварҳои минтақа монанди Эрон ва кишварҳои арабӣ ҳамкорӣ кунад, меҳвари об мебошад”. Ӯ бо ишора ба зарфияти оби Тоҷикистон гуфтааст: “Ин зарфият байни ду кишвар вуҷуд дорад, ки рӯзе интиқоли лӯлаи об аз Душанбе ба Теҳрон ва лӯлаҳои интиқоли энержӣ дар масири билъакс роҳандозӣ шаванд”.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон афзуда, тарҳҳое дар ин замина ҳастанд ва изҳори умед кардааст, ки “рӯзе бо талоши ду кишвар, яъне Тоҷикистон ва Эрон ин тарҳҳо амалӣ шаванд”. Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ дар поёни суҳбаташ таъкид кардааст: “Ин ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, ки даҳҳаи гузашта ва ин даҳҳаро ба унвони даҳҳаи “Об барои ҳаёт” ва “Об барои тавсеаи пойдор” муаррифӣ кардааст, бисёр хуб аст ва ин боис шуда, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба зарфиятҳои обии Тоҷикистон таваҷҷуҳ шавад, чун ин кишвар муҳимтарин манобеи оби ширин дар ҷаҳон мебошад”.
Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” 9 август дар Душанбе ба кори худ оғоз карда, то 11 моҳи ҷорӣ идома хоҳад дошт.
Акс аз бойгонӣ