Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)
Кумитаи дини Доғистон аз Абдулазиз Раҷабов, сокини 65-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бо номи Ҳоҷӣ-пиёда маъруф аст, истиқбол кардааст.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод Раҷабов, ки ду бор пои пиёда ба Хонаи Худо рафтааст, ба Доғистон барои табрики дӯсти деринааш, Рамазон Абдулатипов, Президенти ин кишвар ва собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон рафтааст, ки моҳи равон 70-солагияшро таҷлил намуд.
Дар Доғистон ҳоҷии 65-солаи тоҷикро Муҳаммад Абдураҳмонов, раҳбари Кумитаи дину озодиҳои виҷдон ва Рамазан Ҷафаров, муовини раиси ҳукумат қабул кардаанд.
Абдулазиз Раҷабов ходими хизматнишондодаи варзиш ва майори мустаъфӣ буда, ба беш аз 25 кишвар пойи пиёда сафар кардааст.
Тибқи иттилоияи Кумитаи дин ва озодии виҷдони Доғистон ҳоҷии тоҷик дар суҳбат бо масъулини ниҳоди динии ин кишвар гуфтааст: “Аҷдоди мо пиёда ба ҳаҷ мерафтанд ва ман тасмим гирифтам дунболи ин анаъана биравам”.
Абдулазиз аз нахустин сафари пиёдааш ба Ҳаҷ, ки 10 соли пеш будааст, қисса кардааст, ки ҳангоми ворид шудан ба Арабистони Саудӣ дучори мушкилоти ҷиддӣ шудааст. Ӯ гуфтааст аз ин ки барои пиёдаравҳо раводид пешниҳод карда намешавад, ӯро ба ин қаламрав роҳ надодаанд. Ба қавли Абдулазиз Раҷабов оилаи шоҳи Саудӣ зиёрати ғайримаъмулии ӯро аз расонаҳо хондаву нахуст муфтии ин кишвар ва баъдан Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи феълии Саудӣ ӯро ба ҳузур пазируфтаанд.
Раиси Кумитаи дин ва озодии виҷдони Доғистон дар пайи мулоқот бо Абдулазиз Раҷабов китобҳои муфтӣ шайх Аҳмад-ҳоҷӣ Абдуллоев ва Рамазон Абдулатипов раисиҷумҳури Доғистонро ба ӯ ҳадя кардааст.
Абдулазиз Раҷабов, шурӯъ аз соли 2006 се маротиба ба Хонаи Худо сафар карда ду сафараш бобарор анҷом шудаанд. Ӯ дар бозгашт аз сафар бо Маҳмуд Аҳмадинажод, раисиҷумҳури пешин Эрон мулоқот карда буд. Абдулазиз инчунин соли 2014 пои пиёда ба Байтулмуқаддас сафар кард. Афзун бар ин Абдулазиз Раҷабов барои зиёрати гӯри Бобои Одам ба кишвари Шри Ланка ҳам сафар доштаву дар роҳи бозгашт бо Амитабх Баччан, ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон дидор доштааст.