Суҳбат бо раиси Бунёди Оқохон: Аз нияти хариди Tcell то шубҳаҳо ва раҳбарии тӯлонии Файзов
Сайф Сафар
Бунёди Оқохон дар ҳисоботи ахири худ иттилоъ дода буд, ки соли 2015 дар Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кардааст. Ин иттилои Бунёд дар ҳолест, ки бархе ба фаъолияти он бошубҳа менигаранд. Ёдгор Файзов, раҳбари Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” аз фаъолияти Бунёд, интизориҳои шубҳадорон, сиёсати кадрӣ ва солҳои тӯлонии раҳбарии худ гуфт.
Озодагон: Интиқодҳое ба сӯи корҳои Бунёд шунида мешаванд. Масалан, корҳои Бунёдро ноком ва ё ҳам камтаъсир мешуморад. Рӯшантар, мегӯянд бо ин миқдор пуле, ки дар дасти Бунёд аст, метавон корҳои бузургтаре анҷом дод.
Ёдгор Файзов: Дуруст аст, бисёр барномаҳое дорем, ки ноком шуданд ва ё умри кам диданд. Онҳо ҷавобгӯи ниёзҳои рӯзҳои башумор буданд, вале дигар рушд наёфтанд. Маблағи донорҳо асосан ба барномаҳои кӯчак равона карда шудааст ва мо наметавонем онҳоро якҷоя карда, як барномаи бузургеро амалӣ созем. Фалсафаи рушди донорҳо аз фаҳмиши Шӯравии мо фарқ дорад ва барномаҳои бузургро кам ва ё қариб дастгирӣ намекунанд. Талош дорем, ки дар ин шабу рӯз зиёдтар ба барномаҳои иқтисодӣ, минҷумла ташкили ҷои кор ва ба роҳ мондани истеҳсолот машғул шавем, вале афсус то ҳанӯз зиёд то ҳадди лозима комёб нашудем. Мушкил дар пайдо кардани маблағ нест, проблема дар дарёфти идеяи хуб - барнома аст. Рақобати иқтисодӣ дар дунё хеле шадид аст ва ба саволи чиро бояд истеҳсол кард ва дар куҷо бозори фурӯши онро пайдо кард ҷавоб ёфтан кори хеле душвор аст. Имрӯз мардум шикоят доранд, ки ҳукумат истеҳсолотро хуб ба роҳ намемонад, вале аз таҷрибаи Бунёд мегӯям, ки ин ниҳоят кори сангин аст. Мо имрӯз беҳтарин иқтисоддонҳои дохилӣ ва беруниро ҷалб карда истодаем, то ки заррае ҳам бошад дар ин кор саҳм гузорем, вале ҳанӯз ба муваффақияти қобили таваҷҷуҳе ноил нашудаем ва шароити буҳрони иқтисодӣ низ, ки рӯз ба рӯз шадидтар мегардад, таъсир мегузорад. Аммо, кор дар ин самт идома дорад ва мо дар мавриди оянда хушбинем.
Озодагон: Барои мисол нопурра мондани тарҳи бунёди канал дар деҳаи Рошорв яке аз ин тарҳҳо аст. Чӣ миқдор маблағ барои он ҷудо шуда буд ва чаро ба анҷом нарасид?
Ёдгор Файзов: Ман ин тарҳро чандон ҳам ноком ҳисоб намекунам ва он таърихи махсус дорад. Дар он солҳои вазнини 90 –ум, ки кишвари мо дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, Бадахшон ба кумаки ғизоӣ сахт муҳтоҷ буд. Донорҳо аз мо савол мекарданд, ки то чанд соли дигар ин кумак идома хохад ёфт ва оё шумо ягон навъи нақшаи худтаъминкунӣ доред, зеро мо наметавонем, ки расондани кумаки ғизоиро барои ҳамеша идома бидиҳем. Барои нишон додани ин имкониятҳо ва идома ёфтани барномаи гуманитарӣ барои чанд соли дигар мо ба таъмиру тармими каналҳо ва кишти заминҳои болои куҳҳо шурӯъ кардем. Дар он замон мо на маблағ ва на таҷрибаи кофӣ доштем. Ҳамаи институтҳои лоиҳакашӣ фалаҷ буданд ва ягон мутахассис ҳам барои ҷалб кардан дар барномаҳо набуд. Бар замми ин, дар он солҳои наҳс мо ҳеч боварӣ надоштем, ки рӯзе дар Тоҷикистон сулҳ барқарор мешавад. Ҳамаи дидбонгоҳҳо бардошта мешаванд, роҳҳо кушода ва савдо барқарор мегардад ва гумоне ҳам надоштем, ки ҳатто мардум барои кор ба Русия мераванд. Мардум он солҳо дар шаҳри Хоруғ асфалтро меканд ва дар ҷойи он кишт мекард. Тарс аз он буд, ки кӯмаки башардӯстона як рӯз ба охир мерасад ва ин мардум аз гуруснагӣ ҳалок мегардад. Бо роҳбарони онвақтаи шаҳри Хоруғ маслиҳат кардем, ки қисми мардуми шаҳри Хоруғро ба Рошорв мекӯчонем, то ки тобистон кишт кунанд ва ҳосилро гирифта зимистонро дар Хоруғ гузаронанд. Ҳоло ин гапҳо афсона ва хандаовар ҳастанд, вале он солҳо соате набуд, ки раисони ноҳияҳо ва шаҳрвандон телефон намекарданд, ки кай орд меоред ва сари ҳар кас чанд килограмм тақсим мешавад. Худо он рӯзҳоро дигар нишон надиҳад. Кутоҳи сухан, бо харҷи 167 ҳазор доллар ва чандсад тонна орд ҳамчун ҳаққи меҳнат каналро сохтем ва ҳатто солҳои 2000-ум 20 гектар заминро низ кишт кардем, вале хушбахтона барои халқи тоҷик ва бадбахтона барои ин канал соли 1997 муждаи сулҳ расид, роҳҳо кушода шуданд, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар имкониятҳои иқтисодӣ пайдо шуданд ва мардум аз каналу замин руй тофт. Дигар он киштзорҳое , ки мо дар Бадахшон, Рашт ва Шӯрообод доштем, аз байн рафтанд. Вале ман хурсандам, ки бо як маблағи хурд дар шароити душвортарин ин канали дарозтаринро мардуми Рошорв сохтанд ва барномаи гуманитарии мо боз 3 соли дигар идома ёфт. Корҳои рушду инкишоф нозукиҳо ва бозиҳои худро доранд, яъне чанд кори дигареро бояд анҷом дод, то ба ҳадафи асосӣ расид.
Имсол мо ният дорем, ки ҷойҳои харобгардидаи ин каналро таъмир карда, қубурҳоро иваз кунем. Буҳрон дар Русия нишон медиҳад, ки ба умеди пули муҳоҷирон шудан хавф дорад, вале бояд қайд кунам, ки кори нигоҳдории ин канал ва кишти заминҳои Рошорв ҳар сол маблағи калон ва техникаро талаб мекунад. Мо метавонем, ки онро тармим кунем, вале дар шароити куҳистон он ҳар сол бар асари тармафароӣ ва барфу борон қисмате аз он хароб мегардад. Мо имконияти ҳар сол таъмин кардани онро надорем ва ин вазифаро бояд сокинон ва ё мақомоти дигар ба уҳда бигиранд.
Гузашта аз ин амалӣ намудани барномаи мукаммали рушди водии Бартанг бидуни таъмини қувваи барқ ва сохтани роҳҳо ғайри имкон аст.
Чун сухан аз боби сифати иҷроиши барномаҳо рафт, мехостам дар мавриди ду нуктаи муҳими дигар низ ба тариқи фишурда суҳбат кунам. Аввал ин ки мо ҳар як лоиҳаро дар ҳамкорӣ бо аҳолии деҳа амалӣ мекунем ва пас аз анҷомаш онро ба мардум месупорем. Мардум ки гулу гумроҳ нест ва масалан ҳаргиз як қубури нимтайёрро қабул намекунад. Пас аз ин ҳар як лоиҳа чӣ канал ва чӣ хатти оби ошомиданӣ ва ё чизи дигар ба мудирият ва нигаҳдории баъдина ниёз дорад. Танҳо як мисол меорам: Мо ҳарсола дар тамоми қаламрави кишвар зиёда аз 200 хатти оби нушокӣ месозем, дар тули тамоми фаъолияти мо миқдори онҳо аз ҳазор зиёдтар аст. Худатон қазоват кунед, ки оё мо имкони нигаҳдории ҳамаи онҳоро дар тӯли солиёни зиёд дорем? Албатта не, барои ин на маблағ дорем ва на корманд ва гузашта аз ин, ин бо табиати кори рушд дар таззод аст. Кори мо сохтан аст, нигаҳдорӣ бар зиммаи халқ ва сохторҳои давлатӣ аст.
Дуввум ин ки мавҷудияти интиқод аз сохторҳои мо на ҳама вақт бо сабаби кутоҳии мо ва ё сифати барномаҳои мо аст. Яке аз сабабҳои аслӣ ин аст, ки интизорӣ ва чашмдошти мардум аз институтҳои Шабакаи Оқохон зиёд аст. Мо аз ин ифтихор дорем, эҳсоси масъулият мекунем ва шабу рӯз кор мекунем, вале мутаассифона ҳалли бисёре аз мушкилот аз қудрату салоҳияти мо берун аст ва ё муддати тулонитареро тақозо мекунад.
Озодагон: Сиёсати кадрӣ дар ташкилоти Оқохон чӣ гуна аст? Интихобу ҷоҷбаҷогузорӣ? Солҳои пеш гуфта мешуд, ки дар Бунёд мутахассисон соҳаҳои мушаххас кор намекунанд. Яъне, нафароне ки забони англисӣ балад буданд дар мудирияту раҳбарӣ кор мекарданд ва нокомии бархе аз лоиҳаҳоро ба ин чиз рабт медоданд. Назари Шумо чист?
Ёдгор Файзов: Бо ин ақида тамоман розӣ нестам. Аксарияти кадрҳои системаи мо на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар миқёси байналмилалӣ низ дар қатори беҳтаринҳо ҳастанд. Албатта, чун дар ҳама ҷо, кадрҳои заиф хам ҳастанд. Бахусус солҳои аввал пайдо кардани кадрҳоеро, ки ҳам забони хориҷӣ медонистанд ва дар баробари он дониши хуби касбӣ ва малакаи роҳбарӣ доранд, мушкил буд. Ҳоло вазъият тағйир ёфт, вале мушкилоти ёфтани кадрҳои баландихстисоси замонавӣ то ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Қисмати зиёди кадрҳо ҷумҳуриро тарк карданд, ё баъди таҳсил аз хориҷ ба ватан барнагаштанд. Ин мушкил ба ҳамаи ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҳамчунин давлатӣ низ хос аст.
Инчунин мехоҳам илова кунам, ки аксарияти кадрҳои институтҳои Шабакаи мо, ки дар вазифаҳои баланд кор мекунанд, хатмкардаи донишгоҳҳои бонуфузи Амрико ва Аврупо ҳастанд. Зиёда аз ин институтҳои Шабакаи Оқохон ҳар сол маблағи кофиро барои такмили ихтисоси касбии кормандон ҷудо мекунад ва кормандон соле як бор ва ё зиёда аз он дар хориҷ аз кишвар дониши назарӣ ва амалии худро такмил медиҳанд. Ман аминам, ки кормандони мо аз нигоҳи касбият дар сатҳи баланд қарор доранд ва зери савол бурдани ҳирфаӣ будани онхо як иддаои пуч ва бепоя аст.
Озодагон: Баъзан интиқодҳое ба шахси шумо ҳам шунида мешавад, ба ин маънӣ ки муддати зиёд дар ин симмат кор мекунед ва мегӯянд бояд каси дигар ба ин вазифа баргузида шавад. Посухи шумо чӣ аст?
Ёдгор Файзов: Розӣ ҳастам ва бори аввал 3 соли пеш ва бори дуюм моҳи июни соли гузашта дар ин бора ба роҳбарияти худ арз кардам. Тасмими ниҳоӣ дар дасти менеҷери генералии Бунёди Оқохон аст. Ман наметавонам бидуни тасмими раҳбарияти Бунёд амал кунам ва аз вазифаам канор равам. Мумкин қарор имсол ва ё дертар қабул карда мешавад, вале роҳбариятам аз тасмими ман дарак доранд ва бо ягон кадрӣ маҳаллӣ ва ё хориҷӣ маро иваз хоҳад кард.
Озодагон: Раванди сохмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ то чӣ сатҳ расидааст? Нахустин довлаталабонро кай қабул мекунад?
Ёдгор Файзов: Сохтмон хеле хуб пеш рафта истодаст. Роҳбарияти донишгоҳ ният дорад, ки мунтазири тамом шудани бинои шаҳри Хоруғ нашуда, донишҷӯёни соли аввалро дар бинои донишгоҳи шаҳри Нарини Қирғизистон, ки соли 2016 сохтмони он ба итмом мерасад, ба роҳ монад. Баъдан соли 2018, вақте ки фазаи якуми сохтмон дар Хоруғ ба анҷом мерасад, як қисми онҳо мувофиқи барномаҳои таҳсилии интихобнамудаашон барои идомаи таҳсил ба шаҳрчаи донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ бармегарданд.
Озодагон: Қаблан гуфта мешуд, ки бинои асосии ин донишгоҳ дар Тоҷикистон мешавад, аммо қарор аст ин чиз дар Қирғизистон анҷом мешавад. Чаро?
Ёдгор Файзов: Шаҳрчаҳои донишҷӯён дар Нарини Кирғизистон, Текелии Қазоқистон ва Хоруғи Тоҷикистон як хел ҳастанд ва танҳо аз рӯи барномаҳои таълимӣ мутобиқи касбҳои интихобнамуда аз ҳам фарқ хоҳанд кард. Имрӯз сохтмони бинои донишгоҳ дар Тоҷикистон бо суръат идома дорад ва чунонки дар боло зикр намудам, он соли оянда дарҳояшро барои аввалин донишҷӯён барои гирифтани маълумоти олии сатҳи байналмилалӣ боз хоҳад кард. Дар айни замон бояд зикр кард, ки мактаби омӯзиши давомдор ва касбии донишгоҳи мазкур қариб даҳ сол боз дар Тоҷикистон бо омӯзишгоҳҳояш дар пойтахти кишварамон ва дар шаҳри Хоруғ фаъолият менамояд. Идораи маъмурии донишгоҳ имрӯз дар Бишкек аст, чунки аз он ҷо сафар кардан ва назорати кори сохтмон дар се ҷумхурӣ осонтар аст. Шумо тасаввур кунед, ки сафари ҳармоҳа аз Хоруғ ба Бишкек ва Текелӣ дар шароити боду ҳавои Бадахшон чи мушкилоте хоҳад дошт.
Озодагон: Ахиран дар пайи ба фурӯш гузоштани саҳмияҳои ширкати “Tcell” гуфта шуд, ки Бунёд қисмати бузурги саҳмияҳои ин ширкатро харидааст ё ният дорад ки бихарад? Оё ин чиз дуруст аст?
Ёдгор Файзов: Чунин ният ҳаст, вале дар ин кор ҳисобу китоби дақиқ ва омӯхтани бозору шарту шароити ширкатҳои мобилӣ зарур аст. Имрӯз бисёр ширкатҳои мобилӣ дучори ҳар гуна мушкилоти иқтисодӣ гардиданд ва сармоягузории калон дар ин сектор хатарҳои ҷиддӣ низ дорад. Ҳамкоронам аз Фонди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ ин масъалаҳоро меомӯзанд ва тасмим мегиранд.
Озодагон: Бархе бар ин назаранд, ки Бунёд танҳо барои исмоилиён ва бештари маврид дар ҳудуди ВМКБ фаъолият мекунад. Посухи шумо ба ин гуфта чӣ аст?
Ёдгор Файзов: Ҷуғрофиёи фаъолияти мо худ посухгӯйи ин савол аст. Ин гуна бардошт аз беиттилоӣ маншаъ мегирад. Мо дар 32 ноҳияи ҷумҳурӣ фаъолият дорем, ки танҳо 7-тои онҳо дар ВМКБ ҳастанд ва дар соли ҷорӣ 70 дарсади буҷаи мо барои барномаҳову лоиҳаҳое сарф мешавад, ки берун аз Бадахшонанд. Гузашта аз ин Бунёди Оқохон як ниҳоди ғайридинӣ ва ғайримазҳабӣ оид ба масоили рушд аст. Табиати кори мо аз ин гуна маҳдудиятҳо дур аст.