Омодагии нахустин гуруҳи зоирини тоҷик барои парвоз ба Арабистони Саудӣ
Аввалин гуруҳи зоирини тоҷик баъди 11 рӯз ба қасди зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард.
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин имрӯз, 10 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, сафари нахустин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик субҳи 21 август шурӯъ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, сафари зоирини тоҷик то 5 сентябр идома хоҳад кард: “Се парвоз ба Мадина ва боқимонда ба Макка ва Ҷидда анҷом мешавад”.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии “СомонЭйр” ва “Флай Наси” сурат мегиранд. Сухангӯи Кумитаи дин афзуд, имсол беш аз 6000 нафар ба зиёрати Хонаи Худо хоҳанд рафт: “Ҳазинаи ҳаҷ барои ҳар нафар 3600 доллар муқаррар шудааст”.
Афшини Муқим гуфт, меҳмонхонаи зоирини тоҷик имсол 600-800 метр дуртар аз Хонаи Худо ҷойгир буда, онҳо имкон доранд, панҷ вақт намози худро дар Ҳарам бигузоранд: Зоирине,ки ба Мадина парвоз мекунанд, дар наздикии масҷиди Набавӣ зиндагӣ хоҳанд кард”.
Қарор аст, бозгашти ҳоҷиён аз 17 сентябр то 3 октябр ҷараён бигирад.