Ёқуб Салимов ба хориҷа рафтааст
Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки баъди 13 соли маҳбас, 21-уми июни соли равон озод шуд, ба Олмон рафтааст.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, ҳадафи сафари Ёқуб Салим ба Олмон табобат буда, ӯ ба зудӣ бармегардад.
Салимов қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” аз бемории чашмҳояш шикоят карда, изҳор дошт, ки аз нахустин ниятҳояш дар озодӣ табобати чашмҳо мебошад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид. Ӯ баъди 13 соли зиндон 21-уми июни соли ҷорӣ озод шуд.