Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, дар натиҷаи санҷиш ба 1215 нафар соҳибкорон санад оиди қонуншиканиҳои санитарию эпидемологӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 91.055 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои санитарӣ фаъолияти 281 муассиса боздошт шуд.
Манбаъ афзуд, аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти сехҳои ҳасиббарории соҳибкор И.Ниёзов, сехи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Арал», коргоҳҳои ҳасиббарории «Файзи Расул», «Садри Аъзам», «Саид ва Кабир» низ барои риоя накардани талаботҳои санитарӣ-гигиенӣ боздошта шуданд. Нисбати соҳибкорон ва сехҳои номбурдашуда, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, аз ҳар яке ба маблағи 105 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Ҳамчунин, дар коргоҳи ҶДММ «Дӯстӣ-Амирхон», ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, обҳои ташнагишикан ва хӯроки умумӣ машғул мебошад, барои мунтазам риоя накардани талаботҳои санитарӣ-гигиенӣ ба маблағи 1750 сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.