Дархости ҷазои милиса барои латукӯби ҷавон: Чорумборда мепарронамаш (ВИДЕО)
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа имрўз, 9-уми август, бо пешниҳоди ариза ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хостааст, ба қазияи латукӯби як ҷавон аз ҷониби корманди милиса расидагӣ кунад.
Ин эътилоф бо пахши як изҳорот аз беҷазоӣ дар мавриди содир шудани ҷиноят изҳори нигаронӣ карда, афзудаст, лаҳзаи қонуншиканӣ дар навори видеоие сабт шудааст: “Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт гардидааст. Ин амалҳо эҳтимолан дар шаҳри Душанбе иҷро шудаанд, ки яке аз милисаҳо бо телефон ба ҷои ҳодиса ишора мекунад: “Ай чойхонаи Дилкушо ису тов хўр”. Дар видеонавор ба таври дақиқ мошини хизматии «Нива Шевролет», рақами қайди давлатии 7651 В 01 РТ-ро дидан мумкин аст. Капитани милиса ба ноболиғ муроҷиат намуда, аз ў талаб мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк намояд. Дар баробари ин, ў ноболиғро ду маротиба бо дасташ мезанад, маротибаи якум дар қисми сар, маротибаи дуюм бошад, дида намешавад, аммо садояш сабт гардидааст. Ба мулоҳизаи нафари иштирокдошта оид ба он, ки ў ҳуқуқ надорад бо ин ҷавон чунин рафтор кунад, капитани милиса ҷавоб медиҳад, ки “кўдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам чорумборда мепарронамаш”. Ин навор рафтори ғайриқонунии корманди милисаро нишон медиҳад, ки дар муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф нисбати эҳтимол шахси ноболиғ, таҳдиди куштор бо роҳи истифода намудани яроқи оташфишон асос ёфтааст”.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа афзудааст, ки ба ғайр аз ин, корманди милиса ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон аз калимаҳои қабеҳ истифода намуда, шаъну шарафи онҳоро паст мезанад, ки ба Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» мутобиқат намекунад.
Ба иддаои манбаъ, корманди дуюми милиса барои чунин рафтори ҳамкораш ўро ягон сарзаниш намекунад, ки бо ин рафтораш амалҳои аввалиро дастгирӣ менамояд.
Эътилофи макзкур аз Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хоҳиш кардааст, ки нисбати иттилооти дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пахшшуда санҷиш гузаронида ва ба амалҳои кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.