Масъули вазорати тандурустӣ “сир”-и лоғарии кӯдаконро ифшо кард
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сатҳи пасти синамаконӣ дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ҳамагӣ 34 дарсади кӯдакон танҳо аз шири модар ғизо мегиранд, ки ин нишондиҳанда пастарин мебошад.
Ҷаноби Раҳматуллоев душанбеи 8 август дар нишасти созмонёфтае бахшида ба даҳаи дастгирии синамаконӣ, ки ҳамасола аввали моҳи август таҷлил мешавад, иброз дошт, аксари модарони тоҷик ширеро, ки “солҳои сол дар амборҳои дигар давлатҳо хоб аст ва маълум нест дар кадом ҳолат қарор дорад, гирифта ба тифлонашон медиҳанд”. Ӯ дар идома бо таасуф гуфт, “асрҳои аср дар мо синамаконӣ мушкилӣ набуд, имрӯз мо омада занро маҷбур менамоем, ки кӯдакатро бо шири худат калон кун”.
Аммо ин масъули вазорати тандурустӣ гуфт, бо шири модар таъмин намудани кӯдак танҳо мушкили Тоҷикистон набуда, дар тамоми ҷаҳон мавҷуд аст. Вай афзуд, тадқиқотҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки дар даҳсолаҳои охир нишондоди танҳо аз шири модар ғизо гирифтани тифлон дар як сатҳ -- то 40 фоиз қарор дошта, пешравӣ дида намешавад.
Ҷаноби Раҳматуллоев омили асосии фавти зиёд, лоғарӣ, зуд-зуд касал шудани кӯдаконро ба норасоии шири холиси модар рабт дода мегӯяд: “Солҳои баъдиҷангӣ дар кишвар ин ҳолат набуд, 80 фисади занҳо ба кӯдаконашон шири холис медоданд, барои ҳамин кӯдакони лоғару хароб то солҳои 2000-ум кам ба назар мерасид”.
Шералӣ Раҳматуллоев аз таблиғи сартосарии ғизоҳои омехта дар ҷумҳурӣ нигаронӣ карда гуфт, солона дар ҷаҳон барои хариди он 54 миллиард доллар сарф мешавад, ки 41 миллион доллари он ба Тоҷикистон рост меояд: “Хушбахтона дар Тоҷикистон истеҳсол намекунанад, вагарна ягон зан ба фикрам шири сина намедиҳад, ҳама ба ҳамон шири хушк мегузаранд”.
Сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оила таъкид намуд, ки Худованд дар сураи “Бақара” ҳам овардааст, ки зан вазифадор аст кӯдаки навзодро 24 моҳ бо шири холис таъмин намояд. Раҳматуллоев мегӯяд, кӯдаконе ки бо шири модар калон мешаванд, қобилияти зеҳнияшон 2,5 маротиба аз онҳое, ки маводи омехта истеъмол кардаанд, бештар мебошад. Ӯ аз кулли модарон даъват кард, аз додани ғизоҳои омехта ба кӯдакон даст кашида, танҳо шири холиси худро бидиҳанд: “Ягон чиз дар дунё шири модарро иваз намекунад”.