Хурдтарин ҳофизи Қуръони Карим 3 сол дорад
Муҳаммад Шамсуддин Алӣ хурдтарин ҳофизи Қуръони Карим эътироф шудааст. Ин сокини сесолаи Нигерия тамоми 30 пораи китоби муқаддаси мусалмононро азёд медонад.
Бино ба иттилои расонаҳои исломӣ, дар пайи натиҷагирӣ аз озмуни донандаҳои Қуръон ӯ ҳаққи дар ҳалқаи шоҳи Лубнон Муҳаммад Ибрис ас-Сануси ба сайёҳат баромаданро дорад.
Падари ин кӯдак – доктор Алӣ Шамсуддин, раҳбари мактаби байналмилалии ҳофизони яке аз шаҳрҳои Нигерия будааст. Дар ин мактаб аз синни яксолагӣ қабул мешаванд. Муҳаммад Шамсуддин Алӣ якуним сол буда, ки дар ин мактаб таҳсил мекардааст.
Падари Муҳаммад гуфтааст, “асрори азёд кардани Қуръон дар чунин синни поин дар вижагии сохтори мағзи кӯдакон аст. Дар синну соли поёнӣ мағзи кӯдакон хеле чандир аст ва тавони гирифтани иттилооти бисёрро дорад. Мо бар ин боварем, ки аз замони қатъ кардани истеъмоли шири модар мағзи кӯдак аз ҳамаи зарфиятҳояш кор мегирад. Барои ҳамин мо ба мактаб, махсусан барои ёдгирии Қуръон кӯдакони синни поинро қабул мекунем. Муҳаммад ягона кӯдаки сесола нест, ки тамоми мутуни Қуръонро ёд мегирад. Вижагии дигари ӯ ин аст, ки метавонад дониши худро дар озмуни байналмилалӣ ба намоиш гузорад”.