Ҳимояти дубораи духтари Президент аз парвариши бангдона
Дориға Назарбоева, муовини сарвазири Қазоқистон дар ҷаласаи ҳукуматӣ дар Остона пешниҳод кард, ки истеҳсоли саноатии бангдона рушд дода шавад. Вай аз коркарди ин растанӣ барои истеҳсоли коғаз ва дору ҷонибдорӣ кардааст.
"Қазоқистон коғази худро надорад. Мо аз хориҷ ворид мекунем, ки нархи он дучанд мешавад. Истеҳсоли коғази қазоқӣ хеле ба маврид аст, аз ҷумла барои нашри расонаҳо", - афзудааст Назарбоева.
Ин бори аввал нест, ки Назарбоева аз коркарди бангдона ҷонибдорӣ мекунад. Моҳи январи соли 2014, замоне ки вай вакили порлумон буд, пешниҳод кард, ки ба ширкатҳои дорусоз парвариши бангдона иҷозат дода шавад. Вай он замон гуфта буд, ки бо иҷозат додани ин фаъолият, корхонаҳои коркарди бангдона на танҳо ба истеҳсоли дору машғул мешаванд, балки ҷойҳои кории нав меофаранд ва буҷаи кишварро ғанӣ мегардонанд.
Водии Шуй дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон пойгоҳи маводи мухаддири хом ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои расмӣ, бангдонаи саҳроӣ дар 130 ҳазор гектари ин минтақа мерӯяд.