Изҳори таасуф аз коҳиши маблағгузории соҳаи об дар пайи буҳронҳои молиявӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8 август дар мулоқот бо Гян Ачария, муовини Дабири кулли Созмони милали муттаҳид, аз сатҳи ҳамкориҳо бо ин созмон изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон нақши СММ-ро барои мусоидат ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор арзишманд арзёбӣ кардааст: “Таъкид гардид, ки давоми солҳои 2010-2015 дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои муфиди Тоҷикистон бо ниҳодҳои сершумори Созмони милали муттаҳид дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ тақрибан 100 лоиҳа амалӣ гардидааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар ин вохурӣ бо изҳори таассуф қайд карда шуд, ки буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар тӯли солҳои охир ба саъю талошҳои кишварҳо дар таъмини маблағгузории соҳаи об халал ворид намуда, садди роҳи пешрафту тараққиёт гардидааст: “Дар иртибот ба ин, таъсис додани бунёдҳои гуногуни миллӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ, инчунин роҳандозии дигар ташаббусҳои наву созанда доир ба маблағгузории соҳаи об ба хотири мусоидату мадад дар ҳалли ин масъалаҳо иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ шуд”.