Тасмими бунёди таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар назди масҷиди Шайх Муслиҳиддин
Дар шимоли Тоҷикистон барои беш аз 2 ҳазор нақлиёти сабукрав таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мешавад.
Аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба “Озодагон” гуфтанд, ин таваққуфгоҳ дар шафати масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар майдони 91 сотих сохта хоҳад шуд: “Шаҳрдории Хуҷанд ҳоло барои бунёди ин таваққуфгоҳ озмун эълон кардааст”.
Ба иттилои манбаъ, дар сурати бунёди таваққуфгоҳи зеризаминӣ ҳаракат дар ин минтақа ба тартибу низом медарояд: “Бинои планетарияи шаҳри Хуҷанд ва толори варзишии ҷашнӣ дар пайи оғози корҳои сохтмонӣ ба дигар ҷой кӯч дода мешавад”.