Арӯсии писари Аҳмадшоҳ Масъуд бо духтараи амакаш
Баъзе аз фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон бо гузоштани аксҳо аз маросими ширинихӯрии арӯсии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ӯ бо духтари амакаш Аҳмад Валӣ Масъуд издивоҷ мекунад.
Абумуслими Шерзод, хабарнигори пешини телевизиони “Тулӯъ” ва ҳоло яке аз фаъолони ҷомеаи мадании ин кишвар бо нашри як аксе аз ин маросим дар Фейсбук навиштааст: “Ширинхӯрии Аҳмад Масъуд, ёдгори фармондеҳ Масъуд бо духтари кокояш – духтари Аҳмад Валӣ Масъуд”.
Дар ин акс чеҳраҳои ҷиҳодиву сиёсӣ ва воломақоми имрӯзи Афғонистон, бо шумули Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Ҳукумати иҷроияи Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур волии вилояти Балх, Салоҳиддин Раббонӣ вазири корҳои хориҷиии Афғонистон, Аҳмадзиё Масъуд бародари Аҳмадшоҳ Масъуд ва ҳоло намояндаи вижаи раисҷумҳурии Афғонистон дар ислоҳот ва ҳукуматдории хуб ва Аҳмад Валӣ Масъуд бародари дигари Аҳмадшоҳ Масъуд дида мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон аз тасмими ин арӯсӣ хабаре пахш накарда, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабарро дурӯғ хондаанд. Аммо Абумуслими Шерзод дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, тасмими арӯсии Аҳмад Масъуд бо духтари амакаш дақиқ аст ва аксҳо аз маросими ширинихӯрӣ бардошта шудаанд.