Далер ШАРИФОВ
Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар як суҳбати ахираш изҳор дошт, баъзе аз ҳамтоёнаш гуфтаанд, ки барои дар қудрат боқӣ мондани ӯ ба мардуми қирғиз муроҷиат мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин раисиҷумҳурон, ки хостори “иваз накардани президент” дар Қирғизистон шудаанд, аз кишварҳои бародар будаанд. Аммо банда, ба ҳайси шаҳрванди кишвари ҳамсояи наздики шумо фикр мекунам, тасмими худатон дар мавриди баъди анҷоми муҳлати президентӣ раҳо кардани курсии олӣ дуруст аст. Шояд ба Аскар Акаеву Қурбонбек Боқиев низ замони салтанаташон чунин пешниҳодҳо шуда буд. Аммо вақте миллати қирғиз дар баробари онҳо қиём кард, танҳо монданд. Ҳоло ҳар ду дар ватани бегона зиндагӣ мекунанд. Шояд онҳое, ки пешниҳоди ҳифзи қудратро намуданд, мардуми қирғизро монанди мардумони худашон фикр кардаанд. Вале шумо қудрати мардуми худро беҳтар медонед. Умедворам, бо анҷоми муҳлати раисиҷумҳурӣ тавре даҳҳо маротиба ваъда кардаед, дигар барои боқӣ мондан дар мансаби президентӣ талош намекунед. Бо ин ба ҳамтоёни худ ва миллати қирғиз нишон медиҳед, ки ба арзишҳои демократӣ арҷ мегузоред. Ҷаноби Отамбоев, шумо ин корро анҷом дода метавонед, онҳо НАТАВОНИСТАНД...
Алмосбек Отамбоев дар идомаи он суханрониаш гуфтааст: “Мо ба ақиб баргаштанӣ нестем ва намехоҳам касе Қирғизистонро ба қафо баргардонад”.
Баргаштан ба даврони шоҳӣ. Гузоштани хишти авлодӣ. Идораи диктаторӣ. Зиндагии мардум ва миллатро вобастаи як нафар донистан. Мурдан дар сари мансабу курсӣ. Тақсими мансабҳо байни авлод ва маҳалли худ. Гуш надодан ба ҳарфи ҳеч мунақид. Ба масхара кашидани арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни як миллат хоси одами оқил нест. Бо рафтанатон дигар мардуми қирғиз ба он даврон барнамегардад. Шумо нишон медиҳед, ки як инсон бо тамоми тавонмандиҳояш беш аз ҳашт ё даҳ сол наметавонад роҳбари як давлат бошад. Паёми шумо ин аст, ки қирғиз миллати тавонманде ҳаст, ки садҳо нафари дигаре дорад, ки метавонад роҳбари давлат шавад. Яъне, шумо ягона нестед. Мисли дигарҳо фикр намекунед, ки бо рафтанатон Қирғизистон ё миллати қирғиз аз байн меравад. Ҷаноби Отамбоев, инро шумо метавонед онҳо НАТАВОНИСТАНД...
Президенти Қирғизистон дар бораи Сарқонуни кишвараш мегӯяд: “Конститутсия тавре хоҳад буд, ки касе дигар натавонад онро ба манфиати худ истифода барад”.
Нуктаи муҳим ва комилан дуруст. Агар ҳар нафар барои манфиати худ Конститутсияро тағйир бидиҳад, аз Конститутсия ҷуз чанд варақи сафеду чанд сатри сиёҳ чизе боқӣ нахоҳад монд. Президент бояд нишон бидиҳад, ки Қонуни асосии як кишвар ҳарфи холӣ нест, балки болотар аз ҳарфи ҳар мансабдор, ҳатто раисиҷумҳур аст. Шумо коре анҷом доданӣ ҳастед, ки дар Қирғизистон на як нафар, балки қонун ҳарфи калидӣ гардида, ҳама назди он баробар бошанд. Агар шумо ва кишваратон ба ҳамин роҳ биравед, беҳтарин намунаи давлатдорӣ дар минтақаро хоҳед дошт. Ҷаноби Отамбоев, шумо метавонед онҳо НАТАВОНИСТАНД!