Раиси Палатаи ҳисоб: Омилҳои коррупсионӣ 50% аз байн рафтаанд
Дилмурод Давлатов, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар идораву муассисаҳои буҷавии кишвар омилҳои коррупсионӣ 50 дарсад аз байн рафтаанд.
Ҷаноби Давлатов ин нуктаро имрӯз, 5 август дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошта, гуфт, коҳиши омилҳои коррупсионӣ ба гузаштани Вазорати молия ба «тартиби нави ҳисобдорӣ» рабт дорад.
Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон сол то сол низоми молиявӣ ба танзим медарояд: “Хурсандиовар аст, ки баъд аз ба тартиби нави ҳисобдорӣ, яъне тариқи электронӣ гузаштани Вазорати молия дар ҳама ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ осон шуд ва ҳам 50% омилҳои коррупсионӣ аз байн рафтааст. Ҳама тариқи компиютерӣ назорат шуда, ташкилоту идораҳои буҷавӣ ҳисоботи муҳосибии худро дар Вазорати молия бо барномаи низоми иттилоотӣ, идоракунии молиявӣ ба роҳ мондаанд. Ҳадафҳои асосии мо минбаъд ҳам кам кардани омилҳои коррупсионӣ мебошад”.
Раиси Палатаи ҳисоб афзуд, дар натиҷаи санҷишҳо дар вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои буҷавӣ дар 6 моҳи ахир 41 миллиону 338 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, кам аст: “Имсол санҷишҳо зиёд буданд, вале ошкоршавии зарари молиявӣ кам. Дар ҳамин давраи соли гузашта 84,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуда будем, яъне дар ин шашамоҳа 43,6 миллион камтар зарари молиявӣ ошкор шудааст”.