Суд зарари маънавии модари сарбози кушташударо 2,5 ҳазор сомонӣ ҳисоб кард
Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе зарари маънавии волидони Фирдавс Раҳматов, сарбози кушташуда дар артиши Тоҷикистонро дар маҷмуъ 5 ҳазор сомонӣ хондааст.
Тавре аз созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” иттилоъ доданд, имрӯз, 5-уми август додгоҳ қарор кардааст, ки барои марги Фирдавс Раҳматов Вазорати дифоъ ба модараш Дилором Раҳматова 2,5 ҳазор сомонӣ ва ба ҳамин миқдори дигар ба падараш Ғаниҷон Раҳматов ҳамчун зарари маънавӣ пардохт кунад.
Ин дар ҳолест, ки волидони Фирдавс Раҳматов барои марги писарашон дар артиш аз Вазорати дифоъ пардохти 238 ҳазору 800 сомонӣ зарарӣ маънавӣ талаб карданд. Фирдавс Раҳматов, ки дар қисми низомии 04080-и Вазорати мудофиа хидмат мекард, баъди як моҳ дар пайи латукӯб ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои наздикон Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр, ӯ рӯзи 7 майи соли 2015 ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шуда, масъулини қисми низомӣ шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади ӯро ба манзилаш овардаанд. Нахуст сабаби марги Раҳматов “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфта шуд, аммо Дилором Раҳматова, модари ӯ гуфт, фарзандаш бар асари латту кӯб ҷон додааст. Ба дунбол, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва моҳи октябри соли сипаришуда Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд дар марги Фирдавс се нафар ҳамхидматашро муҷрим шинохт. Ба ин тартиб сержант Раббонӣ Сулаймонов 18 сол, сержант Комрон Раҳимов 17.5 ва сарбози қаторӣ Айём Назаров 17 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталион ва рота барои хунукназарӣ аз мақомашон барканор шуданд.