Нахустин тандиси Хайём дар Русия қомат афрохт
Дар Русия аввалин тандиси Ҳаким Умари Хайём, шоир, файласуф ва риёзидони маъруфи форсу тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Астрахан қомат афрохт.
Хабаргузории ТАСС бо ишора ба манобеи худ дар Вазорати хориҷаи кишвараш навиштааст, ки кушодашавии тандиси Хайём дар Астрахан солиёни дароз мавриди баррасӣ қарор дошт ва як ҳодисаи деринтизор барои минтақа буд. “Ин тандиси чорметрии биринҷӣ ба унвони намоди дӯстии Ирону Русия муаррифӣ мешавад ва дар расми кушодани он ашъори Хайём на танҳо ба забони русӣ, ҳамчунин ба забони форсӣ низ садо додаанд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи ТАСС.
Вазни ин тандис 4 тон гуфта мешавад. Вазорати равобити байналмилалӣ ва иқтисоди берунии вилояти Астрахан гуфтааст, ки тандиси Хайём дар шаҳрҳои Теҳрон, Душанбе, Бухарест ва Ишқобод ҳам барафрохта шудааст ва тандиси Астрахан нахустин тандиси ин рубоисарои барҷаста дар Русия мебошад.