Фошкории Палата: Миллионҳо сомониро дар нақби “Истиқлол” “обу лой” кардаанд
Дилмурод Давлатов, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфт, зимни санҷиши сохтмони нақби “Истиқлол”, беш аз 4 миллиону 13 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд.
Давлатов имрӯз, 5-уми август зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки бештари ин зарар аз ҳисоби изофанависиҳо дар сохтмони нақби “Истиқлол” расонда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки нақби Истиқлол бо гузашти 18 сол аз оғози сохтмон ҳоло ҳам дар ҳолати ногувор қарор дорад.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон 1 августи соли равон гуфт Тоҷикистон аз ҷумҳурии исломии Эрон боз хостааст, барои анҷоми сохтмони нақби нотамоми “Истиқолол” маблағи иловагӣ ихтисос бидиҳад: “Мо чунин муроҷиатро ба ҷониби Эрон кардем. Гуфтем мо барои ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ омода ҳастем. Ба ҷониби Эрон чунин пешниҳод рафтааст ва акунун аз тарафи ҳукумати Эрон ин масъала баррасӣ шуда истодааст”.
Аммо ӯ нагуфт, ки аз Эрон чӣ қадар маблағи иловагӣ дархост шудааст. Вазири нақлиёт мегӯяд, ин маблағ барои анҷоми корҳои рангуборкунӣ, равшаннамоӣ, ҳавотозакунӣ, ҳавокашӣ, сӯхторнишонӣ ва системаи назорати видеоӣ лозим аст.
Ба иттилои Ганҷалзода, таҷдиду азнавсозии нақби “Истиқлол” ҳоло идома дошта, корҳои бетонкории кафи нақб ва таҷдиду азнавсозии системаи обпартоии он амалӣ шудаанд: “Имрӯз хушбахтона ҳаҷми корҳои обпартоӣ он қадар зиёд нест, камбудиҳо ҳастанд, намӣ ҳаст, лекин хавфнок нест. Иншоот аз тарафи комиссияи корӣ қабул шудааст ва ин комиссия эродҳои худро навишт, барои ислоҳи он ширкати эронӣ кор бурда истодааст”.
Бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кӯмаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳум тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Ҳоло дар асоси созишномаи дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистону Эрон корҳои таъмиру бозсозии ин нақб идома дорад.